Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихтилофи назари кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бораи Толибон



Салими Аюбзод

Баррасии масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавӣ дар дидори сарони ду кишвар Эрон ва Тоҷикистон, ба қавли таҳлилгарон, дигаргуниеро дар муносибати ҳамсони онҳо ба вазъи Афғонистон пеш наовард.

Баррасии масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавӣ дар дидори сарони ду кишвар Эрон ва Тоҷикистон, ба қавли таҳлилгарон, дигаргуниеро дар муносибати ҳамсони онҳо ба вазъи Афғонистон пеш наовард. Вале, ишора мекунанд, нозирон, эълони ахири раҳбарияти Қазоқистон дар мавриди тағйири мавқеъи Остона дар муносибат бо Толибон, эҳтимолан аҳамияти мулоқоти сарони Тоҷикистону Эронро таъкид хоҳад кард. Зеро ба думболи ин эълон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар баробари Толибони афғон ҷудоии мавқеъи дар гузашта ягона ба миён афтодааст. Қазоқистон ҳамроҳ бо Русия, Беларус, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Арманистон узви паймони амнияти дастҷамъист ва камтар аз як моҳ пеш дар Бишкек сарони ин мамолик бо назардошти хатаре, ки аз Афғонистон ба самти шимол ҳаракат мекунад, аз ташкили нирӯҳои муштараки амниятӣ ҳарф мезаданд. Русия, Беларус ва Арманистон аз ин хатар дуранд ва коршиносон мегӯянд, Қирғизистон ба дунболи Қазоқистон низ тағйири мавқеъ хоҳад кард, ҳарчанд то ҳанӯз сарони ин кишвар аз чунин тағйир хабар надодаанд. Ба ин тартиб дар Осиёи Миёна танҳо Тоҷикистон дар мавқеъи гузаштаи худ боқӣ мемонад, ки ҳамсадо бо мавқеъи Русия, Эрон ва Ҳиндустон аст. Яъне дар камарбанди амниятӣ нигаҳ доштани толибҳо ва пуштибонӣ аз ҳукумати барканоршудаи Бурҳонуддини Раббонӣ. Дар ҳоле ки Туркманистон бо эълони бетарафӣ амалан бо Толибҳо ҳамкорӣ мекунад, Ӯзбакистон баъди баёнияҳои тунди алайҳи Толибон аз эҳтимоли шинохти онҳо сӯҳбат оғоз кард. Намояндаи расмии Тошканд дар Исломобод бо сафири толибон вориди гуфтушунид шуд. Таҳлилгари умури минтақа Оливер Рой мегӯяд, мумкин аст, ба иллати ҷудоӣ дар мавқеъгирии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар масъалаи толибҳо шиддати миёни онҳо аз ин ба баъд афзойиш ёбад. Ва Эрон дар ин масъала дидгоҳи прагматик дорад, зеро ба маълумоти Оливер Рой иштироки ҷузвутомҳои артиши миллии Покистон дар сафи толибҳо тасдиқ шудааст ва Эрон аз ҷониби Покистон хатар эҳсос мекунад. Анатолий Адамишин, собиқ нойиби вазири корҳои хориҷии Русия дар суханронии худ дар конфаронси коршиносони умури минтақа дар Вашингтон гуфт, Ӯзбакистон умедвор аст, ки Толибон ба Ҳаракати исломии Ӯзбакистон роҳ нахоҳанд дод, то вазъи Ӯзбакистонро ноором кунад. Аммо ин умед ғайривоқеъист, зеро бо вуҷуди кӯмак ва пуштибонии толибҳо аз исломиёни ӯзбек, гумон аст, Толибон фаъолияти ҳаркати исломиро таҳти назорат дошта бошанд ва бо фармони онҳо ин ҳаракат аз амалиёти ҳарбӣ дар қаламрави Ӯзбекистон парҳез кунад. таҳлилгари фаронсавӣ Оливер Рой низ ба Адамишин дар ин бобат ҳамфикр аст. Ин эҳтимолро низ наметавон нодида гирифт, ки шояд мавқеъи нави Ӯзбекистон ва Қазоқистон як навъ аломати норозигии онҳо аз кӯшишҳои Русия бошанд дар мавриди ташкили нирӯҳои муштараки амниятӣ, ки ҳақ хоҳанд дошт, дар қаламрави кившари дигар даст ба амалиёт зананд. Қазоқистон ба ин созишнома имзо гузоштааст, вале Ӯзбекистон узви паймони амнияти дастҷамъӣ нест. Аз сӯи дигар, суқути Толуқон, бо вуҷуди дастовардҳои ахири ҳарбии Иттиҳоди Шимол, Тошканд ва Остонаро ба он водор мекунад, ки поёни ҷанги Афғонистн намудор шудааст ва бояд ба беҳбуди муносибат бо толибҳо даст ёфт, то аз тақсими роҳҳои нави тиҷоратӣ бенасиб намонд. Ҳафтаи гузашта фиристодаи Тошканд дар Исломобод бори дигар бо сафири Толибон гуфтугӯ кард ва мавзӯъ боз кардани пули Дӯстӣ--Хайратон буд аз рӯи рӯдхонаи Ому миёни ду кишвар. Оё ҷудоӣ дар мавқеъгири давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки то ин авохир ҳамкориро дар роҳи таҳкими амният бартарӣ медоданд, чӣ андоза муассир ва давомдор хоҳад буд, дидорҳои тозаи сарони ин мамолик дар чаҳорчӯби Ҷомеаи муштаракулманофеъ, Иттиҳоди иқтисодии Осиёву Аврупо ва Панҷгонаи Шанҳай, ки президент Каримов намехост онро панҷгона номанд, балки Форуми Шанхай бигӯянд, ба таври барҷаста падид хоҳад омад.

XS
SM
MD
LG