Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ дархости кумак ба кишварҳои ҷангзада аз ҷумла Тоҷикистон намуд



Хоҷа Мирзода

СММ аз кишварҳои сарватманди олам дархост намуд, ки дар соли 2001ум ба 35 миллион аҳолии манотиқи мухталифи олам, ки аз хушксолӣ,боронҳо ва бемориҳову ҷангҳо азият мекашанд, ду миллиарду 260 миллион доллар ҷудо кунанд.

Прага, 29.11.2000 - Рӯзи сешанбе дабири кулли СММ Кофӣ Аннан аз кишварҳои сарватманди олам дархост намуд, ки дар соли 2001 ба 35 миллион аҳолии манотиқи мухталифи олам аз Ангола то Афғонистон, ки аз хушксолӣ, боронҳо ва бемориҳову ҷангҳо азият мекашанд, ду миллиарду 260 миллион доллар ҷудо кунанд. Кофӣ Аннан изҳор менамояд: тамоми маблағи талабшуда аз хароҷоти низомии ҷаҳон дар як рӯз камтар аст. Муассисаҳои ёрирасон, ки бо паноҳандагон, кӯдакон, озуқа, беҳдошт, маориф ва тараққӣ сару кор доранд, бахшеро зери унвони "Занон ва Ҷанг" таъсис дода, аз ҳукуматҳо тақозо кардаанд, ки ба занону кӯдакон, яъне 80 дар сади аҳолии манотиқи офатзада таваҷҷӯҳи хос дода шавад. Ба қавли дабири кулли СММ занону кӯдакон ва мардуми осоишта қурбонии асосии ҷангҳо ва офтаҳои табиӣ мебошанд. Аз нуздаҳ минтақаи ниёзманди кумак аксарият дар қораи Африқо ҷойгир мебошанд : Ангола, Бурунди, Эритрея, Ҳабашистон, Конгои Демократӣ, Сиера Леоне, Сомалия, Судон , Танзания ва Уганда. Дар рӯйхати манотиқи офатзада ва ниёзманди кумак Тоҷикистон, Кореяи Шимолӣ, паноҳандагони Чеченистон ва макони муқовимати байниқавмӣ: ҷазираҳои Индонезияро пайдо кардан мумкин аст. СММ барои соли равон: соли 2000ум каме бештар аз соли 2001ум, яъне 2 миллиарду 300 миллион доллар дархост намуда, наздик ба 56 фоизи ин маблағро дарёфт карда буд.

Кишварҳои муҳимтарини донор ё худ ёрирасон ба ҳисоби доллар ИМА, Япония ва Иттиҳодияи Аврупо ба шумор мераванд. Дар мавриди Тоҷикистон тавре ки Агентии Омори Давлатии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад: 33 фоизи кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон аз ҷониби ИМА тақдим мегардад. Дар сӯҳбат бо хабаргузории ИТАР ТАСС мансабдорони Кумитаи Давлатии Омори назди ҳукумати Тоҷикистон гуфтаанд, ки аз моҳи январ то октябри соли равон 35 кишвари олам ба маблағи наздик ба 32 миллион доллари амрико ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона ирсол намуданд.

Дар гузориши худ оиди ёриҳои башардӯстона ба Тоҷикистон Идораи ҳамоҳангсози умури башардӯстонаи СММ менависад: Тоҷикистон дар соли 2000 раванди сесолаи мусолиҳаи миллиро такмил дод. Интихоботи парламентӣ доир шуд ва парламенти бисёрҳизба ба фаъолият шурӯъ намуд. Вазъи амниятии Тоҷикистон беҳбуд ёфта, имкон дод, ки кормандони СММ ва муассисаҳои ёрирасон дар тамоми қаламрави Тоҷикистон амалиёти ба истилоҳ "кумак ва таъмини шароити худкумакрасонӣ"ро иҷро кунанд. Тараққии нисбии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда бошад ҳам, шикасту рехти иқтисод ва инфраструктураи кишвар идомаи раванди сулҳ ва мусолиҳаро таҳти суол қарор медиҳад. Назар ба гузориши Идораи Тараққии СМ ва Банки Ҷаҳонӣ аз соли 1999 беш аз 80 фоизи аҳолии Тоҷикистон дар ҳоли қашшоқӣ рӯз мегузаронанд. Дар мамлакате, ки бо мардуми босаводи худ фахр мекард, оилаҳои зиёд таълими фарзандони худро таъмин карда наметавонанд. Хусусан, теъдоди рӯзафзуни духтарон аз таҳсил бебаҳра мемонад. Ҳабдаҳ фоизи кӯдакони Тоҷикистон бо камбуди озуқа мувоҷеҳ буда, ҳаштод дар сади занони ҳомилаи Тоҷикистон бо камхунӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. Бемориҳои сирояткунанда аз қабили табларза, шикамрав, сил, сӯхтани ва ғайра ҳар чӣ бештар ба қайд гирифта мешаванд. Тоҷикистон саршор аз захираи об аст, аммо набудани системаи муносиби обёриву тақсими об сокинони баъзе минтақаҳои кишварро водор кардааст, ки барои захира кардани об соатҳои тӯлонӣ ва масофаҳои зиёдро тай намоянд. Вазиъяти имсоларо хушксолии Тоҷикистон боз бадтар кард. Аз ин рӯ тақозои СММ барои кумак ба Тоҷикистон дар соли 2001 бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз фавтҳое мебошад, ки метавонанд бар пояи камбуди ғизо ва ё набудани ёрии тиббӣ ба вуқӯъ пайванданд. Дар сӯҳбат бо хонум Эмми Великовкий раиси дафтари СММ оиди ҳамоҳангсозии кумак ба Тоҷикистон хоҳиш кардам, ин масъаларо шарҳ диҳад. Эмми Великовски: "Яке аз аҳдофи асосии мо дар соли ҷорӣ ба хотири хушксолӣ ва ба хотири эҳтиёҷоти калони маводи хурока ва ғайрихурока, ки дар натиҷаи хушксолӣ ҳукмфармо шудааст, ин мебошад, ки мардум битавонад зиммистонро сипарӣ кунад ва дар ин зимистон ба маводи хурокаву хадамоти ҳифзи сиҳат дастрасӣ дошта бошад ва кӯдакон битавонанд ба мактаб раванд ва мактабҳо гарм бошанд, тиреза дошта бошанд ва барои онҳо китоб муҳайё гардад, то омӯзиш давом кунад. пас ҳадафи асосӣ ин аст,ки мардум аз оқибатҳои ин хушксолӣ наҷои пайдо кунад. Ҳадафи умдаи дигар ин мебошад, ки мушкилоти иқтисодии мавҷуд шарҳ шавад. Ин мушкилот дар натиҷаи хушксолӣ тавсеа пайдо кардааст. Ҳамзамон бо ин ,ки мо барои таҳияи эҳтиёҷоти ибтидоӣ талош дорем, ин мукилотро низ бояд возеҳ созем, аз ҷумла парокандагии иқтисодии даҳ соли гузаштаро бояд ёдовар шуд. Деҳқонон тухмии нав ба даст наоварданд, онҳо ба нурӣ ва таҷҳизоти кишоварзӣ дастрасӣ надоранд. Ҳосили ғалла бе он ҳам дар солҳои навадум хело ногувор буд, аммо бо хушксолӣ ҳосили ғаллаи лалмӣ, ки танҳо бо оби борон вобаста буд, комилан аз байн рафт. Барои мардуми муқаррарӣ, ки ба ҳосили ғаллаи миқдори замине, ки худ доштанд, такя мекарданд,... ҳосилоти онҳо комилан аз байн рафт.Онҳо на пул доранд ва на манобее, ки худро дар моҳҳои оянда икмол кунанд. Ин зарур аст,ки мо ин эҳтиёҷотро бароварда созем, вале ин ҳам муҳим мебошад, ки ба оянда нигоҳ кунем, ва ба онҳо таҷҳизот, тухмӣ ва нуриеро,ки ниёз доранд, муҳайё созем. .. Ва ба онҳову кӯдаконашон шароити ҳифзи тандурустиро мусоид бисозем, то замонат кунем, ки дараҷаи суитағзия афзоиш намеёбад."

Дар идомаи сӯҳбат номбурда илова кард, ки СМ барои кумак ба Тоҷикистон дар соли 2000ум наздик ба 35 миллион доллар дархост намуда, каме бештар аз нисфи онро дастрас кард. Барои соли 2001 бошад, барномаҳои СММ барои татбиқи нақшаҳои худ дар Тоҷикистон беш аз 82 миллион доллар талаб кардаанд, ки бахши асосии он тақрибан ҳафтод миллион долларро нақшаи амнияти озуқавӣ ташкил хоҳад кард. Вақт нишон медиҳад, ки чанд дар сади кумаки тақозошуда, ба Тоҷикистон ирсол мегардад ва барномаҳои башардӯстонаи СММ чӣ гуна амалӣ мешаванд.

XS
SM
MD
LG