Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як бозӣ - то анҷоми давраи аввал


8-уми июн се бозии мавқуфмондаи мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров дар майдони худ аз тими «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 0:1 мағлуб гардид. Голро дар дақиқаи 33-юм Хайруллоҳ Ғайбуллоев ба ҳадаф расонд. Воқиъан, ин аввалин бохти «Парвоз» дар мусобиқоти имсола мебошад.
Дастаи «Вахш»-и Қурғонтеппа низ аз тими меҳмон – «Равшан»-и Кӯлоб – бо ҳисоби 1:2 (Рустамов Ф., дақиқаи 3-юм, Абдулхайров, 7 – «Равшан» ва Саванқулов, 57) шикаст хӯрд.
Бозии ду дастаи Душанбе – «Энергетик» ва «Гвардия» – бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт.
Бад-ин тартиб, «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ки аз 10 бозӣ 23 имтиёз гирифтааст, дар садри ҷадвал қарор дорад.
«Парвоз» бо 22 имтиёз дар ҷои дувум аст ва дар мавриди пирӯзӣ дарохирин бозии давраи аввали мусобиқот 11-уми июн бо тими мизбон - «Равшан»-и Кӯлоб имкон дорад, ки ба зинаи аввали ҷадвал барояд.
«Хуҷанд» низ 22 имтиёз ба даст овардааст, вале таносуби тӯбҳои «Парвоз» беҳтар аст, бинобар ин «Хуҷанд» дар ҷои севум мебошад.
Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот
Ҷ
Дастаҳо
Б
Ғ
М
Б
Т
И
1.
«Регар» ТадАЗ
10
7
2
1
28-8
23
2.
«Парвоз»
9
7
1
1
20-7
22
3.
«Хуҷанд»
10
7
1
2
10-5
22
4.
CSKA «Помир»
10
5
0
5
10-14
15
5.
«Динамо»
10
4
3
3
13-11
15
6.
«Вахш»
10
4
2
4
10-9
14
7.
«Тоҷиктелеком»
10
4
0
6
16-17
12
8.
«Равшан»
9
3
1
5
11-17
10
9.
«Энергетик»
10
2
2
6
12-20
8
10.
«Гвардия»
10
2
2
6
10-21
8
11.
«Саройкамар»
10
1
2
7
12-23
5
Беҳтарин нишонзанҳои мусобиқот инҳоанд:
Нуъмонҷон Ҳакимов («Парвоз») – 8 гол,
Бахтиёр Ҳасанов («Регар» ТадАЗ) – 7 гол,
Пирмурод Бурҳонов («Тоҷиктелеком») – 6 гол,
Ҷаҳонгир Ҷалилов (CSKA «Помир») – 6 гол.
XS
SM
MD
LG