Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти сарон дар Петербург


Президенти нави Русия қарор аст, ин ҳафта дар ҳошияи форуми иқтисодии Санкт-Петербург бо сарони Ҷомеаи муштаракулманофеъ вохӯрад.

Ба истиснои президенти Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев, барои ҳамтоёни дигари ӯ ин аввалин мулоқот бо президент Медведев хоҳад буд. Гуфтугӯҳои дуҷониба ва дастаҷамъӣ ба идомаи равобити Русия бо аъзои дигари Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд чӣ таъсир хоҳад дошт ва оё интизориҳои тарафҳо бароварда хоҳад шуд?

Талоши асосии президенти Русия Дмитрий Медведев дар риштадидор бо ҳамтоёни худ аз Ҷомеаи кишварҳои муштаркулманофеъ эҷоди бовар хоҳад буд, ки сиёсати берунаи Русия дар баробари онҳо бетағйир боқӣ хоҳад монд ва Маскав мехоҳад дӯсти ҳар яке аз онҳо бошад.

Аммо дар мавриди Укроин ва Гурҷистон, эҷоди чунин бовар барои Медеведев кори сахте хоҳад буд, зеро Киев ва Тифлис дар пайи равобити зичтар бо Иттиҳоди Аврупо ва узвият дар НАТО мебошанд.

Сардабири маҷаллаи "Русия ва умури ҷаҳон", Фёдор Лукянов, мутмаъин нест, ки мулоқоти Медведев бо Виктор Юшченко, президенти укроин ва Михеил Саакашивилӣ, президенти Гурҷистон вазъиятро ҷиддан тағйир дода тавонад.

Лукянов мегӯяд, ихтилофот бо Укроин ва Гурҷистон ба дараҷае амиқ рафтаанд, ки ҳеч ҷои ҷиддии мусолиҳа ба назар намерасад. Аз сӯи дигар дар нишасти ғайрирасмӣ гумон аст, тасмими муҳиму куллие гирифта шавад.

Медведев шарики наздики президенти пешини Русия, Владимир Путин аст, ки бо пуштибонии Кремлин ба қудрат расидааст. Ҳарчанд лаҳни ӯ метавонад аз Путин фарқ кунад, коршиносон чунин тафовутро дар паёми ӯ интизор нестанд.

Раиси бахши маскавии Бунёди Мероси Вошингтон, Евгений Волк низ ба муваффақияти Медведев дар гуфтугӯ бо Юшченко ва Саакашвилӣ мутмаин нест: "Ба фикри шахсии ман, талоши ӯ бесамар аст, зеро тасмими раҳбарони Гурҷистон ва Укроин қатъист ва талоши онҳо ба узвият дар НАТО ва Иттиҳоди Аврупо -- босубот."

Ин ҳам дар ҳоле ки ихтилофи Русия ва Гурҷистон дар Абхозистон то рафт шиддат мегирад.

Таҳлилгарон дидору гуфтушуниди Медведев бо дигар президентҳоро бештар ташрифотӣ мешуморанд, аммо дар ин миён ба эҳтимоли як пешрафти нисбӣ дар мулоқот бо раисиҷумҳури Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ишора мекунанд.

Маскав ба даромади изофӣ аз интиқоли нафту гази Туркманистон умедвор аст. Аммо дар ин бобат низ бархе аз коршиносон мегӯянд, гуфтушуниди Медведев ва Бердимуҳаммадов хеле мушкил хоҳад буд. На танҳо барои он ки Туркманистон бо Иттиҳоди Аврупо наздикии бештар нишон медиҳад, балки ҳамчунин барои он ки Медведев ҳамчун дастнишондаи гурӯҳи муайян ҷое барои гашт ва ақибнишинӣ надорад.

XS
SM
MD
LG