Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муштзани тоҷик Анвар Юнусов ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт


Варзишгари тоҷик Анвар Юнусов ба даври ниманиҳоии сабқати байналмилалӣ оид ба бокс барои дарёфти Ҷоми раиси АИБА - Созмони байналмилалии бокси ғайриҳирфаӣ - роҳ ёфт.

Дар ин мусобиқа, ки дар Тайван ҷараён дорад, 126 нафар муштзанҳо аз 26 кишвар ширкат меварзанд.

Анвар Юнусов дар нахустин қувваозмоии худ дар вазни то 51 кг бар Ҷитендер Кумар, аз Ҳиндустон, аз рӯи имтиёз бо натиҷаи 9:4 дастболо шуд. Сипас ӯ намояндаи Итолиё Алекс Феррамоксро бо натиҷаи 22:2 шикаст дода, ба нимфинал баромад.

Муштзани тоҷик 30-уми май дар даври ниманиҳоӣ бо варзишгари Узбакистон Тулашбой Дониёров зӯрозмоӣ мекунад. Ғолиби ин рақобат ба сабқати ниҳоӣ, ки 31-уми май баргузор мешавад, роҳхат мегирад.

Анвар Юнусови 20-сола дар бахши севвуми Донишкадаи варзиши Тоҷикистон таҳсил мекунад. Вай имсол дар мусобиқаи интихобии олимпии Осиёӣ дар Тайланд дар вазни то 51 кг мақоми аввалро касб кард ва соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2008 гардид. Ширкат дар Ҷоми раиси Созмони байналмилалии бокси ғайриҳирфаӣ барои муштзани тоҷик як марҳилаи омодагӣ ба Олимпиадаи Пекин маҳсуб мешавад.

XS
SM
MD
LG