Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёздаҳ соли зиндон барои заминфурӯшӣ


Ҳасан Азимов, собиқ раиси корхонаи паррандапарварии ноҳияи Рудакӣ бо айби фурӯши ғайриқонунии замин барои ёздаҳ сол равонаи зиндон шуд.

Маҳмадалӣ Юсуфов, сухангуи Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, Ҳасан Азимов ҳамчунин дар бисёрзанӣ ва сӯистифода аз мақом муҷрим дониста шуд. Сухангӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳамчунин афзуд, додгоҳ дар баробари оқои Азимов ҳамдасти ӯ Файзалӣ Каримовро дар содир кардани ҷинояти фурӯши ғайриқонунии замин муҷрим дониста, барои панҷ сол аз озодӣ маҳрум сохт.

Ин дар ҳолест, ки тақдири 400 хонаводаи ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рудакӣ, ки қитъаи замини манзили зистро бо мусоидати Ҳасан Азимов, аз ҳудуди фабрикаи паррандапарварӣ харидорӣ кардаанд, норушан боқӣ мондааст. Зеро Додситони кулли Тоҷикистон фуруши қитъаи замин барои манзили зист аз ҳудуди корхонаи паррандапарварии ноҳияи Рӯдакӣ ва асноди манзили ҳудуди 400 хонаводаро ғайриқонунӣ дониста, иддаои тахриби ин манозил ва ба корхонаи мазкур баргардонидани қитъаи заминро дорад. Бобобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти ахири хабарии худ дар ин маврид мегуфт, агар додгоҳ Ҳасан Азимовро дар фуруши ғайриқонунии таҳияи асноди қалбакии қитъаи замини корхонаи паррандапарварии ноҳияи Рӯдакӣ гунаҳкор ҳукм кунад, пас манзили сокинони дар ин минтақаи корхона манзил бунёдкарда низ ғайриқонунӣ дониста ва тахриб хоҳад шуд.

Аммо қаблан, то содир шудани ҳукми додгоҳ дар муқобили афроди муттаҳам дар фурӯши ғайриқонунии қитъаи замини корхонаи парандапарварии ноҳия Рӯдакӣ, мақомоти марбута дар тахриби манзили сокинони ин маҳалла иқдом карда буданд, вале чун шикояти сокинон афзуд, мақомот то содир шудани ҳукуми додгоҳ ин иқдоми худро ба таъхир гузоштанд.

Аммо суол ин аст, дар сурати тахриби манзили сокинон ҷамоати Зайнабобод дар ҳудуди корхонаи паррандапарварии ноҳияи Рӯдакӣ, ҷуброни зарари сокинонро кӣ бар ӯҳда мегирад. Зеро афроди муттаҳам дар фуруш ва ғайриқонунӣ ба расмият даровардани асноди манзили онҳо мутаносибан дар ҳудуди 1100 ва 500 маоши ҳадди ақал, дар маҷмӯъ муодили 8 ҳазор доллари амрикоӣ ҷарима шудаанд, ки барои бунёди на бештар аз як манзил кифоят хоҳад кард. Ин дар ҳоле, ки нафари муҷрим дар фурӯши ғайриқонунии қитъаи замини ин корхона бо ҷурми азхудкунии бештар аз 140 ҳазор доллари амрикоӣ муттаҳам дониста мешуд.

XS
SM
MD
LG