Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"ТоҷикЭйр" Домодедоворо ба дуздӣ муттаҳам кард


«ТоҷикЭйр» хадамоти фурудгоҳи Домодедоворо дар сирқати бағоҷи мусофироне, ки ба Душанбе парвоз мекунанд, муттаҳам мекунад.

Ба гуфтаи мақомоти ширкати «ТоҷикЭйр», сирқати бори мусофирон дар ин хати сайр аз як соли пеш оғоз шуда ва ба сурати муназзам ҳамчунон афзоиш меёбад.

Дар охирин парвоз аз Домодедово ба Душанбе 65 маврид сирқати бори мусофирон ошкор шудааст. Ҷониби Тоҷикистон хостори таъсиси як гуруҳи фаврӣ барои ошкор кардани омилони ин ҳодисаҳо шудааст. Дар ҳоле, ки мегуянд масъулин, гуноҳи худи мусофирон низ ҳаст, ки бори ҳамроҳашонро дар эъломия сабт намекунанд, то дар сурати гум шудан даъвои расмӣ пеш оварда тавонанд.

Алишер Рустамов, сардори хадамоти тиҷорат ва тавлидоти ширкати «ТоҷикЭйр» дар ин марвид гуфт, кор ба ҳадде расидааст, ки онҳо маҷбур шудаанд, то барои қабули ҳар парвозе, ки аз Домодедово ба Душанбе меояд, аз ҷумлаи кормандони фурудгоҳ, мақомоти интизомӣ, марзбонон, гумрук ва намояндагии Домодедово комиссиюни махсус таъсис бидиҳанд ва баъд дари ҳавопайморо боз кунанд.

Дар ҳамин ҳол, намояндаи ширкати Домодедово дар Душанбе низ ба сурати мунназзам сурат гирифтани чунин ҳодисаҳои дуздии бори мусофиронро таъйид кард. Вале, гуфт ӯ, дар аксар маврид ин мусофирон бори ҳамроҳашонро дар эъломия зикр намекунанд ва ба ҳамин далел пеш овардани даъво ва баргардонидани зарари онҳо имкон надорад.

XS
SM
MD
LG