Дар ин мусобиқа 12-нафарӣ беҳтарин шатранҷбозони мард ва зани кишвар барои дарёфти унвони қаҳрамони шатранҷи Тоҷикистон дар соли 2008 мубориза мебаранд.
Ба гуфтаи Миразиз Ҳидоятов, сардовари мусобиқа, ин шатранҷбозон намояндаҳои намояндаҳои шаҳри Душанбе, гурӯҳи навоҳии тобеъи марказ, ва вилоятҳои Хатлону Бадахшон буда, баъди дар ширкати муваффақона дар чанд мусобиқоти муқаддамотӣ ҳуқуқи дар лигаи аршади кишвар иштирок намуданро пайдо намудаанд. Сардовари мусобиқот ҳамчунин хабар дод, ки бар асоси натоиҷи ниҳоии ин мусобиқот ҳайъатҳои мардонаву занонаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон ташкил хоҳанд шуд, то дар Олимпиадаи навбатии байнулмилалии шатранҷ моҳҳои октябр ва ноябри соли равон дар Олмон шарафи кишварамонро ҳимоя намоянд.
То имрӯз 8 даври мусобиқот пушти сар шудааст. Дар мусобиқоти байни мардон феълан устоди дараҷаи байнулмилалӣ Ҷамшед Исоев (Душанбе) бо касби 6,5 имтиёз (аз 8 холи имконпазир) дар сафи пеш аст. Дар ҷои дувум ҳамчунин бо 6,5 хол устоди варзиш Рашид Ҳусейнов (Душанбе) ва дар радифи севум бо 6 имтиёз устоди дараҷаи байнулмилалӣ Суҳроб Ҳамдамов (Душанбе) қарор гирифтаанд.
Дар мусобиқоти занон номзад ба устодии варзиш Марворид Насриддиноваи 16-сола аз пойтахти кишвар баъди пирӯзӣ дар даври 8-ум бар Саодат Одинаева бо 7 хол ба ҷои якум баромад. Номзад ба устодии варзиш Надежда Антонова (Душанбе) аз пешсаф 1 хол камтар дошта, дар ҷои дувум қарор дорад. Дар радифи севум бо 5,5 имтиёз номзад ба устодии варзиш Меҳрангез Раҳматова (Душанбе) ҷой гирифтааст.
Аллоҳ кулли мадуми Тоҷикистонро аз ин балои нобаҳангом нигоҳ дорад. Рости гап бади ин мақоларо хондан баданамро ларза гирифт. Ин чи бедодис як модар нпход, ки бо дасти худаш ҷигарбандашро кушад.
Изҳороти ВКД дар мавриди "партофтан аз ошёнаи 3-юм...." хатои маҳз аст. Зеро тамои тирезаҳои бинои навсохти ШВКД дар ш. Ваҳдат ПАНҶАРА доранд. Ягон гумонбаршаванда имкони гурехтан ва ё сарозер шуданро надорад. Аз Сарвиноз, Афсона, Амриддин ё Муҳаммадраҷаб хоҳиш карда мешавад, ки аз назди бинои Шӯъбаи мазкур гузориши видеоӣ намоянд.
Вакте,ки ВКД шахсро дастгир мекунад. Новобаста вай чинояткор аст ё гумонбар, шиканчаш мекунанд дар кувваи бар мемонанд албатта, ки инсон аз чони худ сер мешавад ва ба чунин корхо даст мезанад.
Эй Рости норост,ин хукумат, чи кардааст? Чихо мегуй.
Китобхои фантастическия камтар хонетон