Дар ҳамин ҳол дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, қаҳрамони феълии футболи Тоҷикистон, ки аз 6 бозӣ 16 имтиёз ба даст овардааст, дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дорад.
Дастаҳои «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Динамо»-и Душанбе 12-имтиёзӣ гирифтаанд. Вале аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо «Парвоз» дар зинаи дуввум ва «Динамо» дар зинаи севвум ҷойгир шудаанд. Инчунин «Парвоз» ду бозӣ камтар анҷом додааст.
Дастаи «Энергетик»-и Душанбе бо 3 имтиёз байни 12 тими лигаи олӣ дар зинаи охирини ҷадвали мусобиқот қарор дорад.
Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
|
| Б | Ғ | М | Б | Т | И |
1. | «Регар» ТадАЗ | 6 | 5 | 1 | 0 | 22-5 | 16 |
2. | «Парвоз» | 4 | 4 | 0 | 0 | 10-1 | 12 |
3. | «Динамо» | 6 | 3 | 3 | 0 | 9-5 | 12 |
4. | «Хуҷанд» | 5 | 3 | 1 | 1 | 4-2 | 10 |
5. | «Тоҷиктелеком» | 5 | 3 | 0 | 2 | 11-7 | 9 |
6. | CSКА «Помир» | 7 | 3 | 0 | 4 | 5-10 | 9 |
7. | «Вахш» | 5 | 2 | 1 | 2 | 5-4 | 7 |
8. | «Саройкамар» | 8 | 1 | 2 | 5 | 10-18 | 5 |
9. | «Равшан» | 6 | 1 | 1 | 4 | 6-13 | 4 |
10. | «Гвардия» | 6 | 1 | 1 | 4 | 7-16 | 4 |
11. | «Энергетик» | 6 | 1 | 0 | 5 | 8-16 | 3 |
Ҳамлагари тими «Регар» ТадАЗ Бахтиёр Ҳасанов, ки ба дарвозаи рақибонаш ҳамагӣ 7 тӯб задааст, дар айни ҳол беҳтарин голзани мусобиқот маҳсуб мешавад.