Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон – қаҳрамони соли 2008 футзали Осиё


Дастаи мунтахаби футзали Эрон
Дастаи мунтахаби футзали Эрон

Дар Тайланд дастаи мунтахаби Эрон қаҳрамони футзали Осиё дар соли 2008 гардид.

Футболбозони Эрон дар бозии ниҳоӣ ба дарвозаи дастаи мизбон Тайланд чаҳор голи беҷавоб зада, барои 9-умин бор ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфтанд.
Ваҳиди Шамсоӣ (Эрон) ҳангоми ҳуҷум
Дар ин дидор Ваҳиди Шамсоӣ ду гол ба самар расонд. Ин футболбози 32-солаи эронӣ, ки дар 6 дидор ба дарвозаи ҳарифон 13 гол задааст, беҳтарин голзани мусобиқот гардид. Ду голи дигари дастаи Эронро дар бозии ниҳоӣ Маҷид Латифӣ ва капитани даста Муҳаммадризои Ҳайдариён ба ҳадаф расониданд.
Футболбозони тими Жопун, ки дастаи Чинро бо натиҷаи 5:3 шикаст доданд, бо медалҳои биринҷии мусобиқоти аршади қорраи Осиё мукофотонида шуданд.
Ҳамин тариқ, ба чаҳор дастаи беҳтарин Осиё – Эрон, Тайланд, Жопун ва Чин – муяссар гардид ба мусобиқоти қаҳрамонии футзали ҷаҳон, ки соли ҷорӣ дар Бразил баргузор мешавад, роҳхат гиранд.
Ёдовар мешавем, дастаи футзали Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Тайланд дар гурӯҳи «D» нахуст аз дастаи Чин бо ҳисоби 0:9 мағлуб шуда, дар дувумин дидори худ бар тими Кувайт бо ҳисоби 6:4 пирӯз гардид, вале дар бозии севум аз тими Эрон бо ҳисоби 0:14 шикаст хӯрд. Дар натиҷа дастаи Тоҷикистон бо 3 имтиёз дар гурӯҳи худ танҳо аз тими Кувайт боло – дар мақоми севум – қарор гирифта, аз ҳаққи ширкат дар даври баъдии мусобиқот маҳрум шуд.
XS
SM
MD
LG