Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғолибони Рӯзи дави миллӣ муайян шуданд


Дар Рӯзи дави миллӣ - якшанбеи 18-уми май - дар Тоҷикистон ҳазорҳо афроди синну сол ва касбу кори мухталиф ширкат карданд.

Пойгаи давандаҳо дар шаҳри Душанбе дар ҷодаи утумубилрави Варзоб – Душанбе баргузор шуд.

Ширкаткунандагони Рӯзи дави миллиро бо оғози пойга муовини раиси шаҳри Душанбе Сановбар Раҳимова ва раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов табрик намуданд.

Ширкаткунандагони пойга бо хоҳиши худ ба масофаҳои 3 км, 5 км ва 10 км давиданд.

Давандаи маъруфи тоҷик Аҷмал Амиров, донишҷӯи соли панҷуми факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, дар давидан ба масофаи 10 километр байни мардон мақоми аввалро касб кард.

Ин масофаро байни занон нахуст ғолиби пойгаи соли гузашта Надежда Риоева, донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, тай намуд.

Ба ғолибон ва ширкаткунандагони фаъоли пойга тӯҳфаҳои хотиравӣ супурда шуданд.

XS
SM
MD
LG