Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳроҳи абрешим аз Тоҷикистон хоҳад гузашт?


Аз Шоҳроҳи бузурги абрешим дар канор мондан Тоҷикистонро аз масири пешрафти ҷаҳон берун хоҳад афканд.

Ин масъала имрӯз, 14 май, дар ҷаласаи навбатии Шӯрои байниҳукуматии роҳсозони Иттиҳоди Кишварҳои Муштаракулманофеъ дар Маскав баррасӣ гардид. Дар ҷаласа гуфта шуд, барои дарёфти мақоми аввал дар ин тарҳ се гурӯҳи кишварҳо талош доранд. Аз як тараф Узбакистон хостори кушодани роҳ аз тариқи Тирмиз ба Эрону Афғонистон ва Ҳинд аст. Агар ин тарҳ иҷро шавад, Тоҷикистон дар инзиво қарор хоҳад гирифт. Аз дигар сӯй Озарбойҷон аз тариқи роҳи абрешим хостори пайвастан бо Туркия аст.

Аммо Тоҷикистон бо иҷрои тарҳи Бухоро-Самарқанд-Панҷакент-Анзоб-Душанбе- Панҷ-Афғонистон-Ирон-Покистон ба обҳои уқёнуси Ҳинд ва Форс метавонад роҳ ёбад ва ба ҳайси як кишвари соҳбихтиёр қомат рост намояд.

Ин матлабро райиси Шӯрои байнидавлатии роҳсозони Русия Бурӣ Карим рӯзи чоршанбе дар Маскав эълом кард. Бурӣ Карим мегуяд, «аз Шӯрои мо дархост шудааст, ки масоили марбут ба ояндаи Шоҳроҳи бузурги абрешим таҳлил ва барои натиҷагири ба мақомоти марбута пешниҳод шавад».

Дар ҷаласа эълом гардид, ки ояндаи Шоҳроҳи абрешим моҳи июн дар Боку - пойтахти Озарбойҷон баррасӣ хоҳад шуд. Мудири бахши масоили байнулмиллалии вазорати ҳамлу нақли Озарбойҷон хонум Шафиқа Хайруллоқизӣ эълом кард, омодагиҳои ахир ҷиҳати баррасии масоили марбут ба Шоҳроҳи бузурги абрешим дар Боку анҷом меёбад ва ширкати Илҳом Алиев, президенти Озарбойҷон, дар ин мулоқот дар назар аст.

Дар ҷаласаи Шурои байни ҳукуматии Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ дар Маскав Константин Комов, раиси ширкати роҳсозии «Қаздорпроект», ҳузур дошт. Вай дар мавриди имзои шартномаи байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар замони боздиди Э. Раҳмон аз Остона ва дидорҳои вай бо Н. Назарбоев, райси ҷумҳурии Қазоқистон, ибрози бехабарӣ кард, вале иқрор шуд, ки роҳҳои Осиёи Марказӣ на барои пешрафти иқтисод ва на барои некуаҳволии мардум ба кор намеоянд.

Бурӣ Карим, раиси Шӯрои роҳсозони Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ дар Маскав

Шӯрои байниҳукуматии роҳсозони Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ ҳануз соли 1992 дар пайи пошхурии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис шуд ва аз ҳамон замон то ба ин ҷониб ба ин ниҳод Бурӣ Карим, собиқ муъовини нахуствазири Тоҷикистон дар солҳои 1990, раҳбарӣ мекунад.

Шӯрои байниҳукуматии роҳсозони Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ бо ибтикори Маскав таъсис шудааст. 50 дар сади ҳазинаҳои онро Русия ва 50 дар сади дигарро 11 ҷумҳурии шуравии собиқ, аз ҷумла Тоҷикистон мепардозанд.

Дар ҷаласаи ахир эълом шуд, ки як нафар донишҷӯи соли дуввуми Донишгоҳи техникии ба номи Осимии Тоҷикистон стипендияи Шӯрои байниҳукуматии роҳсозони Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъро дарёфт кард.

XS
SM
MD
LG