Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Юсуф Абдусаломов бар қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон


Юсуф Абдусаломов
Юсуф Абдусаломов

Паҳлавони маъруф Юсуф Абдусаломов, ки дар мусобиқоти байнулмилалӣ оид ба гуштии озод барои гиромидошти хотираи қаҳрамони панҷкаратаи ҷаҳон Алӣ Алиев дар шаҳри Махачқалъаи Доғистони Русия Тоҷикистонро намояндагӣ кард, соҳиби медали нуқра гардид.

Вай дар қувваозмоии ниманиҳоӣ дар вазни то 84 кг бар қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон Саҷид Саҷидов, аз Русия, дастболо шуд.

Даври аввал бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи Саҷидов анҷом ёфт. Вале дар даври дуввум Абдусаломов бо ҳисоби 4:1 ғолиб омад. Даври севвуми ҳалкунанда бо натиҷаи мусовии 2:2 ба поин расид. Доварон аз рӯи нишондоди изофӣ Абдусаломовро ғолиб донистанд.

Баъди он ки довар дасти намояндаи Тоҷикистонро боло кард, гурӯҳи мухлисони Саҷидов ба нишони эътироз ба тасмими доварон рӯи гилеми гуштигирӣ баромада, исрор карданд, ки натиҷаи ин қувваозмоӣ бознигарӣ шавад. Барои ором кардани издиҳом ва барқарор намудани тартибот кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз кӯмаки сагҳои хидматӣ ва калтакҳои шуки барқӣ истифода карданд.

Юсуф Абдусаломов ба иллати лат хӯрдани зонуяш аз ширкат дар сабқати ниҳоӣ даст кашид. Бинобар ин дар вазни то 84 кг Айгум Багомаев, аз Русия, ғолиб гардид. Намояндаи Тоҷикистон мақоми дуввумро касб кард. Ин мусобиқот барои Юсуф Абдусаломов, санҷише буд пеш аз Бозиҳои олимпии Пекин-2008.

Саҷид Саҷидов барои дарёфти ҷои севвум бо Абдулло Аммаев ба майдон набаромад ва медали биринҷӣ ба гуштигири Узбакистон тааллуқ гирифт. Инчунин дар ин вазн Серхат Балҷӣ, аз Туркия, бо медали биринҷӣ сарфароз гардид.

XS
SM
MD
LG