Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футзал: Тоҷикистон аз Ҷоми Осиё маҳрум шуд


Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар севумин дидори худ дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Тайланд аз тими Эрон бо ҳисоби рекордии 0:14 мувоҷеҳи шикаст шуд, аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум шуд.

Дар ин бозӣ беҳтарин голзани ин мусобиқот Воҳиди Шамсаӣ 5 гол ба самар расонд. Мустафо Таййибӣ ва Маҷид Латифӣ дуголӣ, Алӣ Асғари Навлигӣ, Ҷаводи Асғарӣ ва Муҳаммад Ризои Ҳайдариён якголӣ ва ду голи дигарро бозигарони тоҷик Баҳодур Сӯфиев ва Обидҷон Исмоилов ба дарвозаи дастаи худ заданд.
Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби Эрон бо 9 имтиёз ғолиби гурӯҳи «D» гардид. Дастаи Чин, ки дар даври охирини сабқати гурӯҳӣ бар тими Кувайт бо натиҷаи 9:0 ғалаба кард, бо 6 имтиёз дар зинаи дувум ҷойгир шуд. Дастаи Тоҷикистон бо 3 имтиёз танҳо аз тими Кувайт боло – дар мақоми севвум – қарор гирифт.
Дастаҳои Эрон ва Чин ба даври чаҳорякниҳоӣ, ки 15-уми май баргузор мешавад, роҳ ёфтанд. Тими Эрон бо дастаи Лубнон, ки дар гурӯҳи «С» ҷои дувумро касб кард ва Чин бо Узбакистон, ғолиби гурӯҳи «С», рақобат хоҳанд кард.
Инчунин аз гурӯҳи «А» тимҳои Тайланд ва Қирғизистон ва аз гурӯҳи «В» Жопун ва Австралиё ба чаҳорякфинал баромаданд.
Чаҳор дастаи беҳтарини сабқати ниҳоии Ҷоми Осиё барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии футзали ҷаҳон, ки моҳи октябри соли ҷорӣ дар Бразил баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.
XS
SM
MD
LG