Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бурду бохти дастаи футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё


Тими мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки бо ширкати 16 даста дар пойтахти Тайланд – шаҳри Бангкок дар чаҳор гурӯҳ ҷараён дорад, ду бозӣ анҷом дод.

Футболбозони тоҷик дар гурӯҳи «D» нахуст аз дастаи Чин бо ҳисоби бузурги 0 : 9 мағлуб шуда, дар дуввумин дидори худ бар тими Кувайт бо ҳисоби 6:4 пирӯз гардиданд.

Дар ду бозии дигари ин гурӯҳ тими Эрон, қаҳрамони 8-каратаи Осиё, бар дастаи Кувайт бо ҳисоби 12 бар 0 ва бар тими Чин бо ҳисоби 8:1 ғолиб шуд.

Бад-ин тартиб, дар ин гурӯҳ тими Эрон бо 6 имтиёз дар садри ҷадвал қарор дорад. Дастаҳои Чин ва Тоҷикистон бо 3-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои дуввуму севвум ҷойгир шудаанд.

13-уми май охирин даври сабқати гурӯҳӣ баргузор мешавад. Дастаи Тоҷикистон бо тими Эрон ва Чин бо Кувайт рақобат хоҳанд кард.

Дар гурӯҳи «А» баъди бозиҳои ду даври аввал тимҳои Қирғизистон ва Тайланд бо 6-имтиёзӣ пешсафанд. Қирғизистон бар Индонезиё бо натиҷаи 5:1 ва бар Ироқ бо ҳисоби 8:0 ғалаба кард. Тайланд бар Ироқ бо натиҷаи 1:0 ва бар Индонезиё бо натиҷаи 11:0 пирӯз шуд. Имрӯз Қирғизистон бо Тайланд ва Ироқ бо Индонезиё рӯбарӯ мешаванд.

Дар гурӯҳи «В» Жопун ва Австралиё 6-имтиёзӣ гирифтаанд. Дар нахустин даври сабқати гурӯҳӣ Жопун бар Тайван бо ҳисоби 8:2 ва бар Туркманистон бо ҳисоби 4:1 ғолиб омад. Австралиё бар Туркманистон бо натиҷаи 3:1 ва бар Тайван бо ҳисоби 6:0 дастболо шуд. Дар даври севвум Жопун бо Австралиё ва Туркманистон бо Тайван қувваозмоӣ мекунанд.

Дар гурӯҳи «C» дастаи Узбакистон бо 6 имтиёз дар садри ҷадвал қарор дорад. Лубнон 4 имтиёз ва Куриёи Ҷанубӣ 1 имтиёз ба даст овардаанд. Узбакистон дастаи Малайзиёро бо ҳисоби бузурги 10:0 ва Куриёи Ҷанубиро бо ҳисоби 4:3 мағлуб кард. Лубнон нахуст бозиро бо Куриёи Ҷанубӣ бо натиҷаи мусовии 5:5 анҷом дода, сипас бар Малайзиё бо натиҷаи 4:3 ғолиб гардид. Имрӯз Узбакистон бо Лубнон ва Куриёи Ҷанубӣ бо Малайзиё бозӣ хоҳанд кард.

Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба марҳалаи чаҳорякниҳоӣ роҳ меёбанд.

Чаҳор дастаи беҳтарини сабқати ниҳоии Ҷоми Осиё барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии футзали ҷаҳон, ки моҳи октябри соли ҷорӣ дар Бразил баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

XS
SM
MD
LG