Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Болоравии қимати нерӯи барқ дар Тоҷикистон


Сар аз якуми май ҳукумати Тоҷикистон қимати нерӯи барқ барои кулли мардуми кишвар ва корхонаҳоро 50 драсад афзоиш дод.

Акнун бояд сокинони кишвар барои истифодаи як киловат/соат нерӯи барқ 4,8 дирам, корхонаҳои саноатӣ 10,95 дирам, ширкати «ТАЛКО» 5,15 дирам, ташкилотҳои буҷавӣ 8 дирам ва корхонаҳои ғайриҳукматии таъмини гармидиҳӣ 27 дирам бипардозанд.
Мақомоти вазорати энержӣ ва ширкати «Барқи тоҷик» ин иқдомро як амри заррурӣ унвон мекунанд, аммо мардуми одӣ ва коршиносон бар инанд, ки ин иқдом боиси боз ҳам қашшоқтар гаштани мардум ва афзоиши эътирози сокинон дар муқобили иқдомҳои ҳукумат мегардад.
«Барқи тоҷик» эълом намудааст, ки ҳадафи аслии барои бори дувум дар соли ҷорӣ афзоиш додани қимати нерӯи барқ дар Тоҷикистон пайдо кардани сармояи бештар ҷиҳати азнавсозии шабакаҳои фарсуда ва дастрасӣ ба фанновариҳои ҷаддид дар мавриди тавлиду интиқоли барқ дар кишвар аст. Дар ҳоле, ки маоши ҳадди ақалли кормандон дар Тоҷикистон 20 сомонӣ (муодили 6 доллари амрикоӣ) мебошад, афзоиши 20 дарсадии қимати барқ дар моҳи январи соли ҷорӣ ва ҳамчунин шурӯъ аз аввали май боз ҳам 50 дарсад боло бурдани нархи истифодаи нерӯи барқ панҷа ба буҷаи хонаводаҳои бе ин ҳам қашшоқи мардуми кишвар задааст.
Дар чанд рӯзи пеш Шарифхон Самиев, раиси ширкати «Барқи тоҷик» иқдоми ба маротиб афзоиш додани ҳаққи истифодаи нерӯи барқ дар кишварро амри зарурӣ унвон карда, барои исбот намудани зарурати инчунин иқдом афзоиши бамаротиби нарх дар дигар бахшҳоро ном мебурд.
Аммо оқои Самиев дар мавриди мушкилоти ҷамъоварии маблағи нерӯи барқи истифодашуда ишорат карда, нагуфт, ки дар сурати гаронтар шудани нархи нерӯи барқ мардуми одии кишвар бо буҷаи касоди хонаводаҳои худ аз ин ба баъд ҳаққи истифодаи нерӯи барқро чи гуна пардохт хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, Ғуломиддин Сайфиддинов, таҳлилгари бахши энержӣ мегӯяд, феълан зарурати боло бурдани қимати нерӯи барқ дар кишвар вуҷуд надорад ва, агар мақомоти энержӣ воқиъан хостори таҷдид ва навсозии системаҳои тавлиду интиқоли барқ бошанд, истифодаи воқеъии сармояи ҷамъоваришуда аз фурӯши барқи тавлидотиро ошкоро манзури ҷомиъа созанд. Зеро, ба гуфтаи ӯ, даромад аз фурӯши барқ хеле бештар аз он аст, ки феълан мақомот меҳисобанд.
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисодшиноси тоҷик, таъкид мекунад, дар ҳоле ки қимати аксари анвоъ ва хидматрасониҳо дар кишвар ба маротиб боло рафтааст, зарурати бознигари нархи барқ низ эҳсос мешавад, вале на ба сурат ва ҳаҷме, ки мақомоти энержӣ эълом доштаанд, бояд бошад. Ба гуфтаи ӯ, қабл аз ин иқдом бояд мақомоти энержӣ ва ҳукумати кишвар ба ҳаҷми маоши моҳонаи мардум низ расидагӣ мекард, ҳамзамон бояд мардумро огоҳ мекард ва дар ин кор шаффофияти бештарро фароҳам меовард.
Ба эътиқоди оқои Умаров, афзоиши бештари қимати нерӯи барқ, ки боиси камтар шудани имкони пардохти ҳаққи истифодаи барқ мегардад, хавфи дуздии барқ аз сӯи сокинон, ҳамчунин корхонаҳои бузургу кӯчакро боз ҳам бештар месозад. Ӯ таъкид кард, ки ин иқдом метавонад сабаби бамаротиб баландтар шудани мизони ришваситонӣ миёни кормандони бахши энержӣ гардад.
Ширкати «Барқи тоҷик» ба хотири пайдо кардани сармояи бештар ҷиҳати таҷдиди шабакаҳо ва фанновариҳои бахши тавлидидоту интиқоли барқ қимати нерӯи барқ дар дохили кишварро дар ҳоле афзоиш додааст, ки Бонки ҷаҳонӣ тарҳи кумаки 6,5-миллиондолларӣ ҷиҳати афзоиши тавлидоти барқ ва интиқоли бемамониати барқ ба сокинони кишвар барои зимистони ду соли минбаъдаро пазируфтааст. Ҳамчунин ин бонк ба ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи босамари обанборҳои бузурги назири обанбори Норак кумакҳои фаннӣ ваъда кардааст.

Дар ҳамин ҳол як соҳибхоназани сокини пойтахти кишвар ҳадс мезанад, ки акнун мешавад пилтачароғи барои рӯзи мабодо мондаашро мавриди истифода қарор диҳад
XS
SM
MD
LG