Пайвандҳои дастрасӣ

Қаҳрамонҳои имсолаи таэквондои Тоҷикистон


Мусобиқоти қаҳрамонии таэквон-до ITF-и Тоҷикистон бо пирӯзии дастаи мунтахаби шаҳри Душанбе хотима ёфт.

Ин мусобиқот бо ширкати 147 варзишгар дар толори мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштин баргузор шуд.
Дар сабқати занон аъзои дастаи шаҳри Душанбе Сабина Тағойназарова дар вазни то 45 кг, Шаҳло Муҳаммадраҳимова (то 52 кг) ва Нигора Ҳамидова (то 58 кг) соҳиби медалҳои тило гардиданд. Ганҷина Ҳабибуллоева, узви дастаи шаҳру навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ, дар вазни то 58 кг ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт.
Дар сабқати мардон 5 варзишгари Душанбе – Абубакри Бозор дар вазни то 45 кг, Суҳроби Алидод (то 52 кг), Масрур Сатторов (то 58 кг), Рустам Улмасов (то 64 кг) ва Хушмаҳмад Пиров (то 70 кг) ҷойҳои аввалро касб карданд. Ҷамшед Бозоров, узви дастаи вилояти Суғд, дар вазни беш аз 70 кг бо медали тило мукофотонида шуд.
Дар иҷрои машқҳои маҷмӯъӣ варзишгарони шаҳри Душанбе Азиза Қаюмова байни занон ва Рустам Улмасов байни мардон пирӯз гардиданд.
Бад-ин тартиб, дар ҳисоби умумидастаӣ тими шаҳри Душанбе бо касби 10 медали тило, 4 – нуқра ва 17 – биринҷӣ дар ҷои аввал қарор гирифт. Дастаи мунтахаби вилояти Суғд (1 тило, 4 – нуқра ва 3 –биринҷӣ) дувум шуд. Дастаи мунтахаби шаҳру навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ (1 – тило, 3 – нуқра) ҷои севумро касб кард.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG