Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбозони тоҷик ба Филиппин сафар мекунанд


Марҳалаи омодагии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ба «Ҷоми челенҷ кап» ё «Ҷоми даъвати AFC» ба анҷом расид.

Дастаи миллии кишвар дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода ду бозии санҷишӣ анҷом дода, нахуст аз дастаи «Тоҷиктелеком»-и Қурғонтеппа бо ҳисоби 0:1 мағлуб гардид ва бозии дувумаш бо «Регар» ТадАЗ бо натиҷаи 0:0 хотима ёфт.
6-уми май футболбозони тоҷик озими Филиппин хоҳанд шуд.

Ба иттилоъи Пӯлод Қодиров, сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон, ба ҳайъати даста 18 бозигар аз дастаҳои «Регар» ТадАЗ-и шаҳри Турсунзода, «Парвоз»-и ноҳияи Б. Ғафуров, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, «Динамо»-и Душанбе ва «Энергетик»-и Душанбе, инчунин дарвозабон Алишер Тӯйчиев ва нимҳимоятгар Акмал Холматов, ки феълан дар дастаҳои «Металлург»-и Бекобод ва «Пахтакор»-и Тошканд (Узбакистон) бозӣ мекунанд, дохил гардидаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин мусобиқаи бонуфузи байнулмилалӣ 16 тими мунтахаби кишварҳои «зуҳурёфта» ба 4 гурӯҳ тақсим шудаанд. Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо тимҳои миллии Бруней, Филиппин ва Бутан рақобат хоҳад кард. Бозиҳои марҳалаи аввал аз 13-ум то 17-уми май доир мегарданд.
Ғолиби гурӯҳҳо ба сабқати ниҳоӣ роҳхат гирифта, барои дарёфти «Ҷоми даъвати AFC» талош хоҳанд кард. Чаҳор тими миллӣ - Куриёи Шимолӣ, Туркманистон, Мянмар ва Ҳиндустон (мизбони сабқат) - ба сурати автоматӣ ба марҳалаи ниҳоӣ хоҳанд расид.
Сабқати ниҳоии Ҷоми даъвати AFC аз 30-юми июл то 10-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон баргузор хоҳад шуд. Қаҳрамонҳои Ҷоми даъвати AFC дар солҳои 2008 ва 2010 ба давраи ниҳоии Ҷоми Осиё-2011 дар Қатар роҳхат мегиранд.
Ба иттилоъи Федеросиюни футболи Тоҷикистон бозии дӯстона байни тимҳои миллии Индонезиё ва Тоҷикистон аз 9-уми май ба 1-уми июн гузаронида шуд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG