М. Амриллоев ду давр қабл аз хотимаи мусобиқот аз пешсаф Александр Швартсман, қаҳрамони феълии Аврупо оид ба шашкаи русӣ ва қаҳрамони феълии ҷаҳон оид ба шашкаи байнулмилалӣ, пеш гузашт ва дар натиҷа байни 28 нафар бо 12 имтиёз ҷои аввалро касб кард. А. Швартсман бо 11 имтиёз дувум шуд.
Қаҳрамони собиқи ҷаҳон оид ба шашкаи русӣ Муродуллоҳ Амриллоев, ки зодаи Тоҷикистон ва шогирди мактаби варзишии шаҳри Душанбе мебошад, беш аз даҳ сол аст, ки дар Бошқирдистони Русия ба сар мебарад ва дар мусобиқоти байнулмилалӣ шарафи ин кишварро ҳифз мекунад.
М. Амриллоев бидуни интихоб дар Бозиҳои байнулмилалии фикрӣ, ки 3 – 18-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардуми Чин баргузор мешаванд, ширкат хоҳад кард.