Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон боз соҳиби 2 роҳхати олимпӣ шуд


Паҳлавонони маъруфи тоҷик Шералӣ Бозоров ва Неъматулло Асронқулов соҳиби роҳхатҳо ба Олимпиадаи Пекин гардиданд.

Носир Бозоров, сармураббии дастаи мунтахаби гуштии дзюдои Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар мусобиқоти қаҳрамонии дзюдои Осиё, ки дар Куриёи Ҷанубӣ баргузор шуд, 5 нафар беҳтарин гуштигирони кишвар - Шералӣ Бозоров, Неъматулло Асронқулов, Парвиз Собиров, Маҳмадамин Хонов ва Ҷамшед Халилов ширкат варзиданд. Ба ду намояндаи Тоҷикистон – Шералӣ Бозоров дар вазни то 81 кг ва Неъматуллло Асронқулов дар вазни то 90 кг муяссар гардид, ки дар рақобатҳои инфиродӣ ҷойҳои панҷумро касб карда, ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпии Пекин мушарраф шаванд.

Бад-ин тартиб теъдоди варзишгароне, ки шарафи Тоҷикистонро дар Олимпиадаи Пекин ҳимоя хоҳанд кард, ба 13 нафар расид.

Ёдовар мешавам, дар риштаи гуштии дзюдо нахустин шуда паҳлавони машҳури тоҷик Расул Боқиев роҳхати олимпӣ ба даст овардааст. Вай соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Бразил дар рақобатҳо дар вазни то 73 кг соҳиби медали биринҷӣ гардида, ҳуқуқи ширкат дар Бозиҳои олимпии Пекинро пайдо карда буд.

Баҳрулло Раҷабалиев, раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мегӯяд, варзишгарони тоҷик муборизаро барои роҳхатҳои олимпӣ идома хоҳанд дод: «Варзишгарони мо дар дуввумин мусобиқаи интихобии олимпӣ дар риштаи гуштии озод, ки аз 2-вум то 4-уми май дар Лаҳистон доир мегардад, барои ба даст овардани роҳхатҳои олимпӣ талош мекунанд. Сипас онҳо дар мусобиқоти интихобии олимпӣ дар риштаи гуштии юнониву румӣ, ки 9-ум - 11-уми май дар Итолиё ва 23-вум - 25-уми май дар Сербия баргузор мешавад, ширкат хоҳанд намуд.»

XS
SM
MD
LG