Ин бозӣ бо ғалабаи тими мизбон – «Регар» ТадАЗ бо ҳисоби 3:1 анҷом пазируфт. Воқеъан дар ин бозӣ Бахтиёр Ҳасанов ба дарвозаи «Равшан» ду тӯб зад ва ӯ бо 7 гол дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин дар ҷои аввал мебошад.
Бад-ин тартиб, «Регар» ТадАЗ, ки аз 6 бозӣ 16 имтиёз ба даст овардааст, дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст. «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, ки 2 бозӣ камтар анҷом додааст, бо 12 имтиёз ҷои дуввумро касб кардааст. «Динамо»-и Душанбе низ 12 имтиёз гирифтааст, вале таносуби тӯбҳои «Парвоз» беҳтар аст, бинобар ин «Динамо» дар ҷои севвум қарор дорад.
Бегоҳи 28-уми апрел бозии дигари даври 7-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни ду дастаи шаҳри Душанбе – CSKA «Помир» ва «Гвардия» баргузор мешавад.
Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот то 28-уми апрел
|
| Б | Ғ | М | Б | Т | И |
1. | «Регар» ТадАЗ | 6 | 5 | 1 | 0 | 22-5 | 16 |
2. | «Парвоз» | 4 | 4 | 0 | 0 | 10-1 | 12 |
3. | «Динамо» | 6 | 3 | 3 | 0 | 9-5 | 12 |
4. | «Хуҷанд» | 4 | 3 | 0 | 1 | 3-1 | 9 |
5. | «Вахш» | 5 | 2 | 1 | 2 | 5-4 | 7 |
6. | «Тоҷиктелеком» | 4 | 2 | 0 | 2 | 4-5 | 6 |
7. | «Гвардия» | 4 | 1 | 1 | 2 | 5-8 | 4 |
8. | «Энергетик» | 5 | 1 | 0 | 4 | 6-13 | 3 |
9. | «Равшан» | 5 | 1 | 0 | 4 | 5-12 | 3 |
10. | CSКА «Помир» | 5 | 1 | 0 | 4 | 3-10 | 3 |
11. | «Саройкамар» | 6 | 0 | 2 | 4 | 7-15 | 2 |