Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сохтмони «Роғун» – бидуни ризояти кишварҳои ҳамсоя


Дар инҷо НБО "Роғун" бунёд мешавад
Дар инҷо НБО "Роғун" бунёд мешавад

Ҳукумати Тоҷикистон таъкид кард, ки бидуни мувофиқат ва ҳамоҳангӣ бо кишварҳои ҳамсоя ба сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии худ идома хоҳад дод.

Пӯлод Муҳиддинов, муъовини аввали вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон, ки зоҳиран ба Узбакистон ишора мекард, дар як ҳамоиши байнулмилалӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, кишвараш муваззаф нест ва ҳам зарур намедонад, ки сохтмони як нерӯгоҳ дар рӯдхонаҳои худро бо ҳамсоякишварҳо мувофиқат кунад: «Аслан, ҳуҷҷати расмие бо номи мувофиқат кардан бо кишварҳои ҳамсоя вуҷуд надорад. Метавонем танҳо ба онҳо бигӯем ва хотиррасон кунем, ки мо як ҳамингуна корро шурӯъ кардем. Аз ин рӯ мувофиқа кардани мо зарур нест».
Пӯлод Муҳиддинов иддаъоҳо доир ба онро, ки бунёди сарбанди азим барои нерӯгоҳи барқи обии Роғун барои муҳити зисти кишварҳои поёноби Осиёи марказӣ оқибатҳои бад дорад, рад кард ва гуфт, ки кишвараш умедвор аст сармоягузорон барои бунёди ин нерӯгоҳ кумаки худро низ дареғ намедоранд: «Боис ба коҳиш ёфтани сармоягузорӣ намешавад. Зеро ҷониби Тоҷикистон масоъили фаннии ин лоиҳаро бо ҷалби коршиносони холиси байнулмилалӣ, новобаста ба манфиати ягон давлат, матраҳ мекунад. Ҳамчунин қарор аст, ки сохтмони баъдии нерӯгоҳҳои барқи обии кишвар аксаран бо сармоягузории дохилӣ анҷом шаванд».
Денис Сорокин
Аммо Денис Сорокин, намояндаи Кумисиюни байнидавлатии ҳамоҳангсозии масоъили оби Осиёи марказӣ, мақараш дар шаҳри Тошканд, мегӯяд, ки сохтмони ҳамагуна нерӯгоҳҳои хурду бузург ба иқлим ва табиъати минтақа таъсиргузор хоҳад буд ва он ҳам бояд бо ҳамоҳангӣ бо кишварҳои ҳамсоя бунёд шавад. Ӯ афзуд, пайомадҳои эҳтимолии сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз ҷониби Русия ва ҳам аз суи Кумисиюни байнидавлатии ҳамоҳангсозии масоъили оби Осиёи марказӣ таҳқиқ мешавад: «Бори дигар мехостам бигӯям, ин танҳо нерӯгоҳи Роғун нест, ки ба вазъи муҳитзистии кишварҳои минтақа таъсир мегузорад. Сохтмони ҳар нерӯгоҳе, ки анҷом мешавад, ҳатман ба фазо, одамон ва муҳити зист бетаъсир намемонад. Мо ҷонибдори он ҳастем, ки нерӯгоҳи Роғун бунёд шавад, аммо мехоҳем бидонем, ки пайомади он баъд аз ин чи хоҳад шуд».
Александр Мироненко, намояндаи Бонки рушди Авросиё, низ мегӯяд, дар сурати идомаи якҷонибаи сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистон давлат муваззаф хоҳад буд, ки барқи ин нерӯгоҳҳоро танҳо дар дохили кишвар истифода намояд, таҷҳизоти лозим барои нерӯгоҳро таъмин созад ва ҳамчунин замонати ҳифзи обанбори нерӯгоҳҳоро бидиҳад.
Бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки Тоҷикистон то кунун натавонистааст, сохтмони нимакораи онро такмил кунад, як мавзӯи баҳсбарангез дар Осиёи Марказӣ, бахусус, дар миёни Тоҷикистону Узбакистон аст. Узбакистон иддаъо мекунад, ки дар сурати бунёди нерӯгоҳи Роғун, кишварҳои поёноб, аз ҷумла Узбакистон оби кофӣ барои таъмини мардум ва обёрии киштзорҳо намеёбанд. Вале ҳукумати Тоҷикистон таъкид мекунад, ки, баръакс, бунёди сарбанди азими нерӯгоҳи «Роғун» имкон медиҳад, ки захираҳои обии минтақа дурусттар истифода шаванд ва Тоҷикистон касеро беоб гузоштанӣ нест.
Коршиносон бар инанд, ки кашмакашҳои лафзии миёни Узбакистону Тоҷикистон бар сари сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар кишвар ангезаи сиёсӣ асту тамом. Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси мустақили тоҷик, мегӯяд, ин ду кишвари ҳамсоя бештару беҳтар якдигарро мефаҳманд, чун аз ҷумлаи собиқ понздаҳ давлати бародари Шӯравӣ ҳастанд ва 70 сол нони як танӯрро мехӯрданд. Ин коршинос бар ин бовар аст, ки ҳалли мусбати ин кор дар дасти Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон, ва Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, аст.
Дар ҳамин ҳол, Узбакистон мехоҳад Тоҷикистон баландии дарғоти нерӯгоҳи «Роғун»-ро 55 метр камтар кунад. Дар ҳоле ки тибқи тарҳи аслии ин сохтмон, ки дар соли 1977 дар замони Шӯравӣ таҳия шуда буд, дар ҳоли ҳозир баландии он баробар ба 335 метр аст.
Бо назардошти моҷароҳои лафзии ин кишварҳо, ба гуфтаи баъзе аз намояндагони ҳукумати Тоҷикистон, сармоягузорони эҳтимолӣ бо мулоҳизаҳои худ аз омадан ба ин кишвар худдорӣ меварзанд.
XS
SM
MD
LG