Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Путин ва Итолиё ва Либӣ


Президенти Русия, Владимир Путин, имрӯз ба Либӣ сафар мекунад ва қарор аст, бо раҳбари ин кишвар, Муаммар Қаззофӣ сармоягузориҳои Русияро дар бахши ҳастаии Либӣ гуфтугӯ кунад. Ҳамчунин интизор меравад, дар ин нишаст масъалаи қарзҳои Либӣ аз Иттиҳоди шӯравии собиқ низ барарсӣ шаванд. Путин дар роҳ ба Либӣ, дар Итолиё ист ва бо сарвазири ояндаи ин кишвар Силвио Берлусконӣ мулоқот мекунад.
XS
SM
MD
LG