Пайвандҳои дастрасӣ

Амнияти радиатсионӣ дар Тоҷикистон ва масоъили он


Як ҳайъати намояндагони МАГАТЕ таҳти сарварии В-К. Ким, мудири департаменти ҳамкориҳои техникии ин созмон дар Аврупо, ба Тоҷикистон омадааст.

Бино ба иттиллоъи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ҳадафи сафари оқои Ким ба ин кишвар, тадқиқи мизони радиатсия дар атрофи партовгоҳҳои радиоктивӣ ва марказҳои ташхису табобатии Тоҷикистон будааст.
Профессор Улмас Мирсаидов, раиси Ожонсии амнияти ҳастаӣ ва радиатсионии Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон, дар суҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфт, ки феълан ҳамкориҳои ин ожонсӣ бо МАГАТЕ дар ҳоли рушд қарор доранд ва ахиран аз ҷониби онҳо ба ин созмони ҷаҳонӣ 6 тарҳи нав оид ба бехатарии ҳастаӣ ва радиатсионӣ дар Тоҷикистон, пешниҳод шудааст.
Дар ҳамин ҳол, олимону коршиносони тоҷик аз он изҳори нишгаронӣ мекунанд, ки мизони сол то сол афзояда ва пайомадҳои шадиди дар Тоҷикистон доштаи радиатсия дар миёни мардум заҳролудшавӣ ва афзоиши бемориҳои онкологиро дар пай хоҳад дошт.
Ҳикматулло Насруллоев, муншии ин ожонсӣ, мегӯяд, намояндагони МАГАТЕ аз тариқи асбобу таҷҳизоти муосир феълан исбот намуданд, ки замони истифодаи таҷҳизоти ташхиси ренгенӣ ва дигар таҷҳизоти тиббӣ, ки имруз дар марказхои беҳдоштии Тоҷикистон мавриди истифода қарор доранд, мероси замони шуравӣ буда, кайҳо ғайри қобили истифода шудаанд, ва онҳо худ метавонанд манбаи пайдоиш ва густариши бемориҳои шадид, ба монади саратон, дар миёни мардум, хуссуан занони қобили ҳамл ва кӯдакон бошанд.
Тоҷикистон соли 2001 ба узвияти МАГАТЕ пазируфта шудааст. Ва ин созмони ҷаҳонӣ аз соли 2001 то имрӯз ба Тоҷикистон ҳудуди 4 миллион доллари амрикоӣ ихтисос додааст, ки он барои татбиқи чанд тарҳи муҳим, аз ҷумла тармиму бозсозии зербинои бехатарии ҳастаӣ ва радиатсионӣ, рушд ва таҷдиди радиотерапия, тибби ҳастаӣ ва бозсозии ташхисгоҳҳои амнияти радиатсионӣ дар Тоҷикистон, пешбинӣ шудааст.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG