Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

8 медали варзишгарони тоҷик дар «Ҷоми Самарқанд»


Паҳлавонони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалии анъанавии «Ҷоми Самарқанд» оид ба гуштии озод ва гуштии юнониву румӣ 2 медали нуқра ва шаш медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Абдурозиқ Олимов, мураббии дастаи Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқаи анъанавӣ дастаҳои мунтахаби наврасони Русия, Укроин ва чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон – ширкат доштанд.
Паҳлавонони ҷавони тоҷик Мусоҷон Усмонов ва Салим Хоҷаев дар рақобатҳои инфиродии гуштии озод дар вазни худ соҳиби медалҳои нуқра гардиданд. Вайсиддин Ибодов, Тоҷиддин Хоҷаев, Фирӯзҷони Абдусамад ва Манучеҳр Маллаев соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд.
Боз ду варзишгари навраси тоҷик – Муҳаммад Нуъмонзода ва Бахтовари Абдусалим – медалҳои биринҷиро дар гуштии юнониву румӣ ба даст оварданд.
XS
SM
MD
LG