Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ҳу Тсзинтао дар майдони марказии Тянанмени Пекин машъали Олимпиадаи 2008-ро фурӯзон кард. Сипас раҳбари Чин машъалро ба дасти қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Лю Сян супурд.
Дар эстафетаи машъали олимпӣ дар таййи 130 рӯз ҳудуди 22 000 нафар аз 80 кишвари ҷаҳон ширкат хоҳанд кард. Машъали олимпӣ 20 кишвари 5 қорраи дунё ё худ 137 000 километрро тай намуда, 6-уми август боз ба Пекин бармегардад ва 8-уми август дар рӯзи ифтитоҳи расмии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 ба варзишгоҳи олимпии пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид хоҳад шуд.
Дар ҳоле, ки то оғози Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 беш аз чаҳор моҳи дигар мондааст, варзишгарони тоҷик низ ба он ҳамаҷониба омодагӣ мебинанд. То имрӯз 10 варзишгари Тоҷикистон дар 6 навъи варзиш ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Пекин мушарраф шудаанд. Се нафар муштзанҳо - Шералӣ Достиев дар вазни то 48 кг, Анвар Юнусов дар вазни то 51 кг ва Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 81 кг, 2 намояндаи варзиши сабук – гурзандозҳо Дилшод Назаров ва Галина Митяева, паҳлавонон Расул Боқиев (дзюдо) ва Юсуф Абдусаломов (гуштии озод), шиноварон Алишер Чингизов ва Екатерина Измайлова ва камонвар Албина Камолиддинова – шарафи Тоҷикистонро дар Олимпиадаи Пекин ҳимоя хоҳанд кард.
Марҳалаи омодагии варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Пекин чи гуна ҷараён дорад? Дар ин мавзӯъ суҳбате дорем бо Баҳруллоҳ Раҷабалиев, раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ва Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон.
Паҳлавонони тоҷик дар риштаи гуштии дзюдо барои дарёфти роҳхатҳои олимпӣ талош хоҳанд кард. Мусоҳибаи мо бо Носир Бозоров, сармураббии дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон, низ ба шунавандагон пешкаш мешавад.
Барои шунидани барнома ишораи «аудио»-ро дар тарафи рости болои саҳифапахш кунед.
Писар неъмату духтар раҳмати Илоҳӣ ҳастанд. Кош медонистанд ин бехирадон, ки аз неъматҳо пурсида мешаванду бо доштани духтарони солеҳа ҳар дари чаҳаннам ба рӯи падар баста мегардад... Мо дар оила 7 духтар паи ҳам таваллуд шудаем дар дунёву охират фахри падар хоҳем гашт Ин ша Аллоҳ...
дар хакикат поен рафтестем ободи ва. пешрави он вакт мешавад заводу фабрикахо бисер бошан маоши хуб хамаи шахрвандон дар ватани худ кор кунанд инро меган пешрави пешрави и шумо арчаву гулшинони шукрона кардан 30 сол шид айб нестай мардум дар марс хона задестан мо бошем нони хурдани надорем
Пулакӣ шудани хизмат роҳи қонунии гурез аз сафири Артишро барои фарзандони мансабдорони воломақом муҳаё месозад. Пулдор маблағ месупоранд аз хизмат озод,аммо камбағал,ки пул надорад, чун пештара ба хизмат таёр...
ба чи холат мардум карор доранд бояд хамаи коркунони давлат иваз шаванд ягон каси ино аз ухдаи давлат ва халк набароманд
100 хазор сомонат аз сарат монад. Бечорахо фарзандшона аз даст додаанду шумо бошед дар фикри пул.