Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар зодрӯзи устод Латифӣ


Oтахон Латифӣ дар гуфтушунидҳои сулҳи тоҷикон дар Ишқобод, соли 1996.
Oтахон Латифӣ дар гуфтушунидҳои сулҳи тоҷикон дар Ишқобод, соли 1996.
Дар Тоҷикистон Латифиро устоди журналистон, ҳақиқатнигори ватанпараст, сарсупурдаи роҳи сулҳ ва рушди кишвар меноманд. Вале ба фарқ аз Қирғизистон ҳамсоя, дар Тоҷикистон кӯчаи ба номи Латифӣ ҳанӯз пайдо нашудааст.

Ва ҳангоме ки ба гиромидошти хотираи ин марди бузург менигарем, мебинем, дар хориҷ аз ватан ба ӯ арҷи бештар мегузоранд, то дар ватан.

Домас Шнюкас, журналист ва арбоби шинохтаи ҷамъиятии Литвониё менависад, аз ҳамаи кишварҳои Осиёи марказӣ Тоҷикистонро бештар дӯст медорад, зеро Тоҷикистонро бо Латифӣ шинохтааст. Ва имрӯз, раиси Иттифоқи журналистони Қазоқистон Сайидғозим Матаев мегӯяд, Латифӣ дар як саф бо Чингиз Айтматов ва Олҷас Сулаймонов намояндаи фарҳанги Осиёи Марказист.

Ҳамкори мо Насибҷони Амонӣ аз ӯ пурсид:

-- Мӯҳтарам Саидқозӣ Матаев, Шумо бо устод Отахон Латифӣ кай ошно шуда будед ва дар лаҳзаҳои аввал ӯро чи сон дарёфтед?

--Ман бо самимияти хосае ҳампешаам Отахон Латифӣ хабарнигори рӯзномаи "Известия"-ро ба хотир меорам. Мо ҳар сари чанд вақт дар идораи ҳафтаномаи "Жизн", ки замимаи рузномаи Известия буд ва дар қаҳвахона дар манзили 5-уми идораи Известия баъди ҷаласаю семинарҳо бо ҳам сӯҳбат меоростем. Мо дар меҳмонхонаи Минск, ки дар қарибии идора ҷой гирифта буд, зиндагӣ мекардем.

-- Ин кадом солҳо буд?

-- Солҳои навадум.

-- Кадом сифату хислатҳои устод Латифӣ дар хотири шумо нақш бастаанд?

-- Покдиливу ошкорбаёнии ӯ, зеро вай дар бораи бисёр чизҳо ошкоро ҳарф мезад. Ҳамчунин Отахон Латифӣ дар хотираи ман чун инсони собитқадам ва дар роҳи мақсад устувор ва шахсе се ки ватанашро басо дӯст медошт, боқӣ мондааст. Ӯ аз ҷумлаи аввалин ашхос буд ва дар сафи аввали онҳое мерафт, ки ошкор мегуфтанд, ки дигаргуниҳои демократӣ ва озодии баён бояд дар Тоҷикистон мустаҳкам гарданд ва ҷомиаи шаҳрвандӣ бунёд шавад. Табиист, ки вай ин нуктаҳоро дар матлабҳояш баӣн мекард. Ӯ аз дилу ҷон дар фикру андешаи ватанаш буд ва чунин ашхос мисли отахон латифӣ дар давраи аввали устувор гардидани кишварашон корҳои зиёдеро анҷом доданд.

-- Назари вай чӣ гуна буд?

-- Вай басо назари демократӣ дошт.Вай мавқеи устувор дошт, ки маҳз тоҷикистон бояд ба самти демократӣ ҳаракат намояд. Отахон Латифӣ ҳамчунин дар ҳукумат муовини нахуствазир таин гардида буд , вале ӯ дар маҳдудаи шӯравӣ яке аз аввалинҳо шуда, аз макоми хеш истеъфо дод. Вай гуфта буд, ки дар ҳукумати Тоҷикистон низ ҳарфи ҳақро хоҳад гуфт, вале чунин шуд, ки ҳукумат ба куллӣ мавқеи дигарро дошт ва ӯ ошкоро аз ҳукумат бадар рафт, зеро вай наметавонист халқи хешро фиреб диҳад ва ин гоми ҷавонмардонае буд, ки Отахон Латифӣ гузошт.

-- Мӯҳтарам Саидқозӣ Матаев, ба назари шумо Латифӣ дар ҷомиаи онвақта аз худ чи нақше гузошт?

-- Ба назари ман инсонҳое чун Отахон Латифӣ шабеҳи чароғи дурнамое ҳастанд, ки роҳ нишон медиҳанд. Онҳо чун киштии пешрав ҳаракат мекарданд ва ба ҳукумати кишвар маслиҳат медоданд. Зеро онҳо тамоюли асосии рушди ҷомиаро хуб медонистанд ва барои пиёда кардани хостаҳои мардум ёрӣ медоданд. Дар шароити ҳозира ҷои инсонҳое чун Отахон Латифӣ, албатта, холист. Ӯ асли вазъ ва роҳҳои раҳоии кишварҳои тоза аз чатри шӯравӣ беруномадаро медонист. Отахон Латифӣ таҷрибаи кофии бунёди ҷомиаи демократӣ дошт. Ӯро на танҳо мардуми Тоҷикистон, балки рӯшанфикрони ағлаби кишварҳои Осиёи Марказӣ низ медонистанд. Инсонҳои вижае чун Чингиз Айтматов дар Қирғизистон ва Олҷас Сулаймонов дар Қазоқистон ҳастанд, ки ба ин гурӯҳ Отахон Латифиро, ки ҳаққи аз номи мардум сухан гуфтан дошт, низ метавон шомил кард.
XS
SM
MD
LG