Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши паҳлавонони тоҷик барои роҳхатҳои олимпӣ


Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии озод, ки имрӯз дар Куриёи ҷанубӣ оғоз гардид, ширкат меварзад.

Ба ҳайъати дастаи мунтахаби кишвар Сиёвуш Навконов (дар вазни то 55 кг), Виталий Корякин (60 кг), Игнатий Андросов (66 кг), Заур Салоҳиддинов (74 кг) ва Юсуф Абдусаломов (84 кг) шомиланд.
Дар ин мусобиқот паҳлавонони тоҷик нафақат барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ ва медалҳо, инчунин, барои ба даст овардани роҳхатҳои олимпӣ талош мекунанд. Вале гуштигири маъруф Юсуф Абдусаломов, ки ҳанӯз соли гузашта баъди дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон касб кардани ҷои дувум ба Олимпиадаи Пекин роҳхат гирифта буд, ба Радиои Озодӣ гуфт, ширкат дар сабқати зӯртарин гуштигирони қорраи Осиё барояш як марҳалаи омодагӣ ба Бозиҳои олимпӣ ба шумор меравад.
Сабқати гуштии озоди қорраи Осиё то 20-уми март идома хоҳад кард. Сипас аз 21-ум то 25-уми март дар ин кишвар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар риштаи гуштии юнониву румӣ ё гуштии фарангӣ баргузор хоҳад шуд.
Дар ин навъи варзиш шарафи Тоҷикистонро Шоҳин Қосимов (55 кг), Далер Каримов (60 кг) ва Мурод Тӯйчиев (120 кг) ҳимоя хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG