Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Салиби сурх" ва бозшавии зиндонҳои Узбакистон


Узбакистон, ки ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ зиндонҳои тарсноке дорад, ба Созмони Байналмилалии Салиби Сурх иҷоза додааст, то ба аёдати маҳбусон ин кишвар биравад.

Ӯзбакистон, ки доир ба маҳбусону бадрафтории посбонҳои зиндонҳои он достонҳои ваҳшатноке нақл мекунанд, ахири соли 2004 дигар ба намояндагони Салиби Сурх иҷоза надод, ба аёдати маҳбусон бираванд. Моҳи сентябри ҳамон сол созмони мазкур ҳаққи аёдати маҳбусони Тоҷикистонро аз даст дод. Созмони Байналмилалии Салиби Сурх, ки эҳтиром гузоштан ба шаъни инсонии зиндониён яке аз ҳадафҳои аслии он аст, соли 2004 бо Тоҷикистону Узбакистон гуфтугуҳоро доир ба идомаи аёдати зиндониён оғоз кард. Раул Форстер сухангӯи намояндагии Салиби Сурх дар шаҳри Тошканд ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, онҳо хушнуданд, ки акнун метавонанд, аз зиндонҳои Ӯзбакистон дидан кунанд: “Ин гуфтугу вақт гирифт, вале натиҷаҳои мусбат дод. Мо имкон пайдо кардем, ки аёдати маҳбусонро аз сар гирем. Ва мо бисёр хушнудем, ки дар бораи аз сар гирифтани боздидҳо аз зиндонҳои Узбакистон эълом медиҳем“.

Намояндаҳои Салиби Сурх акнун дар давраи муқаддамотӣ, яъне тайи шаш моҳи аввал муносибати маъмурони амниятӣ бо зиндониёну боздоштшудаҳо ва вазъи зиндонҳои Узбакистонро таҳқиқ мекунанд, ки ҳуҷраҳои он аз шаҳрвандони Тоҷикистон низ холӣ нестанд. Муносибат бо зиндониёну вазъи зиндонҳо тайи чанд соли ахир обрӯи ҳукумати Ӯзбакистонро дар арсаи байналмилал рехтааст. Ҳомиёни ҳуқуқ аз ҷумла Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, ки латукӯб, гузоштан ба нерӯи барқ, беэҳтиромиву бадрафторӣ, танҳо чанд мисоли муносибати маъмурони амниятӣ бо зиндониёну ва боздоштшудагон дар Узбакистон аст.

Дар Тоҷикистон, ки зиндонҳояш ба қавле “биҳишт” нестанд ва на камтар 9 ҳазор нафарро посбонӣ мекунанд, бадрафторӣ бо зиндониён кам нест. СММ низ ибрози нигаронӣ кардааст, ки милисаҳои Тоҷикистон бо маҳбусону боздоштшудагон бадрафторӣ мекунанд ва аз ҷумла бо ҷабру зулм эътирофи гуноҳеро ба даст меоранд. Ҳамчунин СММ мегӯяд, ки аз вазъи зиндонҳои Тоҷикистон нигарон аст, ки бино ба гузоришҳо, ҳуҷраҳои он аз маҳбусон лабрез ҳастанд ва маҳбусоне, ки дуруст дармону табобат намешаванд.

Ва акнун Созмони Байналмилалии Салиби Сурх умедвор аст, ки ҳукумати Тоҷикистон мисли давлати Узбакистон пас аз чаҳор сол ризоият медиҳад, то кормандони он ба аёдати маҳбусони тоҷик бираванд. Саидумар Ҷононаев – раҳбари намояндагии созмони мазкур дар Тоҷикистон дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ҳоло гуфтушунид бо мақомоти Тоҷикистон давом дорад ва боварӣ ҳаст, ки дар рӯзҳои наздик бояд ба Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх барои аёдати маҳбусон як ҷавоби мусбат диҳанд.”

Дар вазорати адлияи Тоҷикистон, ки зиндонҳои кишварро дар ихтиёр дорад, аз шарҳи ин масъала худдорӣ карданд. Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфт, нигарон аст, ки мақомоти Тоҷикистон то кунун намегузоранд, Созмони Байналмилалии Салиби Сурх вазъи зиндонҳои кишварро таҳқиқ кунад. Пайём Фурӯғӣ - намояндаи дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Душанбе дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: “Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар бораи ин адами дастрасӣ ба зиндонҳо ва зиндониён дар Тоҷикистон аз тарафи гурӯҳҳои расмиву бетараф, ки дар воқеъ Салиби Сурхи Байналмилалӣ шояд муҳимтарин аз онҳо бошад, бисёр нигарон ҳастем. Хеле муҳим аст, ки Салиби Сурх дастрасӣ пайдо кунад, ба зиндонҳо ва зиндониён“.

Ба гуфтаи як манбаъ дар вазорати адлияи Тоҷикистон зоҳиран мақомоти расмӣ аз он метарсанд, ки вазъи ногувори зиндонҳо ҳукуматро дар назди муассисаҳои хайрия шармсор мекунад ва аз ин хотир намехоҳанд, то Салиби Сурхи Байналмилалӣ дастрасии беқайду шарт ба зиндонҳои Тоҷикистон дошта бошад. Вазири адлияи собиқи Тоҷикистон Халифабобо Ҳомидов гуфта буд, ки онҳо мехоҳанд, то намояндагони Салиби Сурх пешакӣ мақомотро огоҳ кунанд, ки ба кадом маҳбас ва ба аёдати кӣ мераванд, ки ин хилофи меъёрҳои созмони мазкур аст. Пайём Фурӯғӣ боздиди Салиби Сурхи Байналмилалӣ аз зиндонҳои Тоҷикистонро ҳам ба манфиати ин зиндониён ва ҳам ба манфиати кишвар медонад: “Қарор буд, ки аз соли 2004 то соли 2008 дар маҳбасу зиндонҳои Тоҷикистон як реформаи куллӣ ба вуҷуд ояд. Хубиаш он хоҳад буд, ки агар як боздиди куллӣ анҷом шавад, мешавад фаҳмид, ки проблемаҳо куҷост, ва мо худамон саъй мекунем, ки аз донорҳои мухталиф маблағҳое пайдо кунем ва битавонем, ки ёрдам бидиҳем, ки ин ислоҳоти зиндонҳо ҳақиқӣ шавад”.

Ҳарчанд сухангӯи намояндагии Салиби Сурхи Байналмилалӣ дар Тошканд ибрози умедворӣ кард, ки мақомоти Тоҷикистон ҳам дар ниҳоят ризоият хоҳанд дод, ки намояндагони созмон ба аёдати зиндониёни тоҷик бираванд. Аммо бояд мунтазир шуд ва дид, ки ҳукумати Тоҷикистон имсол мисли Узбакистон рафтор хоҳад кард ё на, ҳамонгуна ки дар соли 2004 баробар бо Узбакистон дари зиндонҳои тангу сарди худро ба рӯи Созмони Байналмилалии Салиби Сурх баст.

XS
SM
MD
LG