Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти Мирзоҳаёт Давлатов


Дар маросими ёдбуди Мирзоҳаёти Давлат
Дар маросими ёдбуди Мирзоҳаёти Давлат

Шоми ҷумъаи 7-уми март қалби яке аз журналистони шинохтаи Тоҷикистон Мирзоҳаёт Давлатов дар синни 67-солагӣ аз тапидан бозмонд.

Ба иттилоъи наздикони марҳум, Мирзоҳаёт Давлатов аз дарди ҷигар азият мекашид ва дар чанд моҳи ахир бистарӣ буд.
Мирзоҳаёт Давлатов дар соли 1962 Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистонро хатм карда, сипас дар рӯзномаи дар солҳои 60 ва 70 асри пор шуҳратёри «Маориф ва маданият» фаъолият дошт.
Пас аз ифои вазифаи тарҷумонӣ дар Афғонистон ба ватан баргашта, Мирзоҳаёт Давлатов аз соли 1995 котиби масъули ИЖТ буд. Аз соли 1986 то 2006 – дар тӯли 20 сол – раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон буд.
Ӯ дар шабу рӯзе зимоми раёсати ин иттиҳодияро ба даст гирифт, ки дар шӯравии собиқ нахустин пайки барот – насими озодӣ, маъруфтар ба Бозсозӣ – мевазид. М. Давлатов ҳаммуаллифи нахустин «Қонуни Тоҷикистон дар бораи матбуот ва дигар васоити ахбори омма» буд, ки пас аз талошҳои зиёди ӯ дар қонуни мазбур банди «рӯи кор омадани матбуоти ғайридавлативу шахсӣ» изофа шуд.

Ҷанозаи Мирзоҳаёт Давлатов зуҳри шанбеи 8-уми март, бар тибқи васияти худи марҳум, паҳлӯи мақбараи Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоев, яке дигар аз пирони журналистикаи тоҷик ва ҳамсабақу дӯсти ӯ, дар гӯристони Сариосиё ба дасти хок супурда шуд.
XS
SM
MD
LG