Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олимон: "Фарбеҳӣ марг меорад"


Таҳқиқоти маҷаллаи тиббии Лансет ошкор кардааст, ки на танҳо фарбеҳӣ, балки вазни беш аз ҳадди мӯътадил хатари гирифторӣ ба бемории саратонро меафзудааст.

Пажӯҳишгарон 221 таҳқиқоти гузашта роҷеъ ба фарбеҳӣ ва бештар аз 250 ҳазор мавриди гирифторӣ ба саратонро аз нав омӯхта ва ба ин натиҷа расидаанд, ки бо боло рафтани вазн хатари мубтало шудан ба саратонҳои маъмулӣ, ба мисли саратони сина, рӯда, гурда ва аъзои дигари шикам меафзудааст ва ҳамин гуна, хатари ибтило ба саратони хун ва пӯст низ, ки камтар мушоҳида мешаванд.

Ҳам барои занон ва ҳам мардон вазни изофии 13 то 15 килоӣ метавонад, хатари гирифторӣ ба саратони сурхнойро 50 дар сад бештар кунад. Дар мавриди занон вазни изофӣ хатари печидан ба бемории саратони ғадуди масонаро тақрибан 60 дар сад боло мебурдааст.

Дар ин пажӯҳиш мардуми Аврупо, Амрикои Шимолӣ ва Осиё мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Ва дар ҳамаи ин баррасиҳо иртиботи вазни изофӣ ва саратон шабеҳ буданд. Танҳо фарқ дар занони осиёӣ мушоҳида шудааст, ки дар миёни онҳо вазни изофӣ ва хатари гирифторӣ ба бемории саратони сина болотар мебошад.

Бар асоси омори Идораи саратоншиносии Амрико, бемории саратон дар соли гузашта дар саросари ҷаҳон ҷони 7 миллиону шашсад ҳазор нафарро гирифтааст.

Ҳарчанд, ки пажӯҳишгарони иртиботи мустақим миёни вазн ва саратонро собит кардаанд, аммо ҳанӯз намедонанд, ки чаро дар ҳақиқат ин ҳарду ба ҳам иртибот доранд. Воқеан, яке аз муаллифони ин таҳқиқот Эндрю Ренеҳан аз Донишгоҳи Манчестер дар Инглистон мегӯяд, ӯ ва гуруҳаш намедонанд, ки воқеан коҳиши вазн метавонад хатари гирифторӣ бе саратонро кам кунад ё на. Вале, мегӯяд ӯ, аз ибтидо набояд гузорем, ки вазни изофӣ бигирем.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, дар саросари ҷаҳон 1 миллиард нафар вазни изофӣ доранд ва 400 миллион нафар фарбеҳ ҳастанд. Фарбеҳӣ аз соли 1980 то кунун дар кишварҳои Амрикои Шимолӣ, Бритониёи Кабир, Аврупои Шарқӣ, Ховари Миёна ва Чин се баробар афзудааст. Дар ҳоли ҳозир, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико на сигоркашӣ, балки фарбеҳӣ иллати аслии гирифторӣ ба бемориҳое шудааст, ки ба марги бармаҳал мерасонанд. Волтер Виллет, муҳаққиқи Донишкадаи беҳдошти умумии донишгоҳи Ҳарвард тахмин мекунад, ки дар дигар кишварҳои ҷаҳон низ фарбеҳӣ ба ҷойи сигоркашӣ иллати аслии бемориҳое мешавад, ки марги зудрасро дар пай доранд.

XS
SM
MD
LG