Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгарони тоҷик – қаҳрамонҳои Узбакистон


Варзишгарони тоҷик дар шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон, дар мусобиқаи бози қаҳрамонии ин кишвар дар риштаи гурзандозӣ 5 медали тило ба даст оварданд.

Аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки се ҳафта инҷониб дар Узбакистонтамрин мекунанд, ҳамзамон дар мусобиқоти мазкур ширкат варзида, бо беҳтарин варзишгарони кишварҳои Осиёи марказӣ рақобат карданд.
Ҳамин тариқ, Дилшод Назаров дар сабқати мардон гурзро ба масофаи 72 метру 72 сантиметр ҳаво дода, соҳиби мақоми аввал ва медали тилои мусобиқот гардид. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, мақсад дорад, ки ба мисли гурзандози машҳури тоҷик Андрей Абдувалиев қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ гардад ва, бинобар ин, ба Олимпиадаи Пекин ҳамаҷониба омодагӣ мебинад.
Дар мусобиқоти бози қаҳрамонии Узбакистон, инчунин варзишгарони ҷавони Тоҷикистон Галина Митяева дар сабқати занон, Алишер Эшбеков, Суҳроб Ҳоҷиев ва Қодир Баротов дар рақобатҳо байни ҷавонону наврасон пирӯз гардида, бо медалҳои тило мукофотонида шуданд.
Ба гуфтаи Дилшод Назаров, баъди Тошканд ҷамъомади таълимиву тамринии гурзандозони тоҷик дар Укроин сурат мегирад ва сипас онҳо моҳи июн дар ду мусобиқаи байнулмилалӣ дар шаҳрҳои Бишкек ва Алматӣ ширкат меварзанд. Баъди ин, ба иттилоъи Д. Назаров, варзишгарони Тоҷикистон дар ду мусобиқаи интихобии олимпӣ дар шаҳри Киев ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Ҳарчанд ки Дилшод Назаров соҳиби роҳхати олимпӣ гардидааст, ӯ дар ин мусобиқот бо мақсади бори дигар санҷидани худ иштирок мекунад.
XS
SM
MD
LG