Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавони тоҷик - барандаи медали биринҷии Ҷоми ҷаҳон


Расул Боқиев
Расул Боқиев

Гуштигири тоҷик Расул Боқиев дар даври севуми Ҷоми олии дзюдои ҷаҳон дар Олмон ба дарёфти ҷои севум ва медали биринҷии ин мусобиқоти бонуфузи байнулмилалӣ муваффақ шуд.

Ӯ дар рақобатҳо дар вазни то 73 кг бар гуштигирони беҳтарини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Юнон, Бразил ва Булғористон дастболо шуд. Вале баъдан Р. Боқиев барои роҳ ёфтан ба сабқати ниҳоӣ аз намояндаи Белжик мағлуб гардид.
Дар ин вазн паҳлавони озарбойҷонӣ Элнур Мамедлӣ дар рақобати ниҳоӣ бар Дирк ван Тичелти белжикӣ ғолиб омада, мақоми аввал ва унвони қаҳрамониро касб кард. Расул Боқиев ва Леандро Гулҳейрии бразилӣ дар ҷои севум қарор гирифтанд.
Дар вазни то 100 кг намояндаи Тоҷикистон гуштигири машҳур Парвиз Собиров дар даври аввал бар Янг Зоу (Чин) ғолиб омад, вале дар даври дувум аз Орендис Диспайгне (Куба) мағлуб гардид. Маҳмадамин Хонов, гуштигири дигари тоҷик, дар вазни беш аз 100 кг дар нахустин рақобати худ аз Чол Сунг Вон аз Куриёи ҷанубӣ мағлуб гашт.
Дар айни ҳол гуштигирони тоҷик ба мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки моҳи апрел дар Куриёи ҷанубӣ доир гардида, барои дзюдочиёни тоҷик охирин сабқати интихобии олимпӣ ба шумор меравад, омодагӣ мебинанд.
XS
SM
MD
LG