Чаҳордаҳумин давраи ин мусобиқот бо ширкати 10 даста аз 7 кишвар дар 3 гурӯҳ сурат гирифтааст.
Дастаи «Вахш»-и Тоҷикистон дар нахустин дидори худ дар гурӯҳи «С» бар дастаи «Небитчӣ»-и Туркманистон бо натиҷаи 2:1 пирӯз шуд. Ду голро аз дастаи «Вахш» дар дақиқаҳои 7-ум ва 72-вум Нуъмон Ҳакимов ва як голро аз тими «Небитчӣ» Виталий Аликперов дар дақиқаи 17-ум ба самар расонданд.
Вале дастаи «Вахш» дар даври дувум аз тими «Ишқобод», қаҳрамони Туркманистон, бо натиҷаи 1:3 дучори шикаст гардид. Голҳоро Юсуф Оразмамедов дар дақиқаи 43-вум, Мурод Байлиев дар дақиқаи 57-ум ва Амир Қурбонӣ дар дақиқаи 61-ум ба дарвозаи меҳмонон ворид карданд. Танҳо дар дақиқаи 78-ум ба ҳамлагари ҷавони «Вахш» Фатҳуллоҳ Фатҳуллоев муяссар шуд, ки ба дарвозаи мизбонон як тӯб зада, ҳисобро тағйир бидиҳад.
Бад-ин тартиб дастаи «Ишқобод», ки дар даври аввал бар тими мунтахаби ҷавонони Эрон бо натиҷаи 1:0 пирӯз гардида буд, новобаста аз натиҷаи бозии охиринаш бо «Небитчӣ», бо 6 имтиёз дар гурӯҳи «С» мақоми аввалро касб кард ва рӯзи 29-уми феврал дар бозии ниҳоӣ барои ба даст овардани Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон ва 20 000 доллар мубориза мебарад.
Дастаи «Вахш» 27-уми феврал бо тими мунтахаби ҷавонони Эрон барои дарёфти мақоми дувум дар гурӯҳи «С» бозӣ хоҳад кард. Дастае, ки дар ин гурӯҳ ҷои дувумро мегирад, барои дарёфти ҷоизаи севум – 5 000 доллар – талош меварзад.