Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷанг бо як кӯдак". Ҳамлаҳои пайиҳам ба хабарнигори ҷавон баёнгари чист?


Рамазон Раҳимзода

Раҷаб Мирзо,

журналист, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

Нома ба вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода

Ҷаноби вазир!

Ба унвонатон ҳамчун нафаре нома менависам, ки обрӯ ва имиҷи давлат аз Шумо дар ҳамин шабу рӯз вобастагӣ мегирад.

Ин номаро метавонистам ба Прокуратураи генералӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ё раҳбаронашон ҳам нависам, аммо хеле фикр кардам.

Ҳоло ин мактубро барои он ба унвони худ ҷиддӣ бигиред, ки қазияи латту кӯби Абдулло Ғурбатӣ зери назари ниҳодҳои марбута ба Шумост, вагарна сабабҳои дигар ҳам ҷо дорад.

Раҷаби Мирзо
Раҷаби Мирзо

Наметавонам бигӯям, ки ба инҷониб таваҷҷӯҳи хос доред, ё баръакс. Оре, ду сол қабл аз номатон як сипоснома дар Рӯзи матбуот ба унвонии инҷониб равона шуда буд. Дертар, ёдатон ҳаст, ки соли гузашта дар як ҷаласаи хоси вазорат як раҳбари зерсохторатон сурати инҷонибро калон карда, дар экран байни кормандони зиёди сатҳи роҳбарии вазорат нишон доду ба гунаи "одами хавфнок" муаррифӣ намуд. Баъд, вақте сабабашро фаҳмидам, намедонистам бихандам, ё гиря кунам?

Онҳо фаъолмандии маро дар баррасии масоили муҳими ҷомеа дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ баҳона карданд, аммо дақиқан манзурашон "шаҳрванди ифтихорӣ"-и яке аз аёлатҳои Амрико ба инҷониб буд, ки чанд моҳ пеш аз ин ҷаласа, вақти сафар ба ин кишвар, ба ман дар қатори дигар ҳамсафаронамон дода буданд ва онро ин ниҳод хеле “ҷиддӣ” баррасӣ карда будааст. Ҳол он ки ин як чизи рамзист ва онро бисёриҳо гирифтаанд.

“Президент Раҳмон ҳам шояд даҳҳо “шаҳрвандии ифтихорӣ” дорад, оё мешавад ӯро ҳам “хавфнок” гуфт?” пурсидам дар сӯҳбатҳое, ки дар ин бора сурат гирифт.

Замони нав ба курсии вазорат нишастанатон ҳам дар ҳузури ҳамкасбони мо ваъда дода будед, ки парвандаи сӯиқасд ба ҷони инҷониб ва латту кӯби журналистони дигарро аз нав бознигарӣ мекунед.

Медонед аз байн чанд сол гузашт?

Шояд аз серкорӣ сари ин савол фикр накардаед, вале фаромӯш накунед, ки ин ҳама дар хотираи таърих ҳифз мешавад. Ҳамчуноне ки масъулони дигар, ки назорати ин парвандаҳоро ба зимма доштанд, аз ҷумла бо ҳамин далелҳо номашон дар саҳифаҳо монд. Хубу бадии инро ҳоло баҳогузорӣ кардан осон нест. Мову Шумо, ки танҳо барои имрӯз зиндагӣ намекунем.

Ё Шумо фикри дигар доред?

Як сабаби дигари муроҷиатам ба Шумо ҳамин аст, ки мебинам ба шеъру шоирӣ рӯ меоред. Ин маъниеро дорад, ки ба қадри сухан мерасед ва адабиётро моли таърихсоз пазируфтаед.

Аз ҷониби дигар, талошатонро барои ҳамқадами замон будан (мисолҳояшро дар як матлаби дигар гуфта будам – аз ҷумла вокуниши фаврӣ ба матолиби нашршуда, ҳатто дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ, кори тафовутпазири маркази матбуотиатон, баргузории нишастҳои матбуотии селекторӣ) мебинаму баъзан дилам ба Шумо месӯзад. Наход вазире бо ин сатҳи ҷаҳонбинӣ бархе зертобеони тасодуфӣ дошта бошад?

Аз ин ҳам мегузарем, чун ин ҳаққи Шумост, ки чӣ гуна кормандонро дар ихтиёр бигиред ва шеваи коратон чӣ бошад.

Дар ибтидои ба фаъолият сар карданатон чанде аз пайвандони худро аз мақомот дур кардед, то “гап” дар бораатон зиёд набошад, ба постгоҳҳои БДА ногаҳон рафтед, чун шикоятҳо зиёд буданд. Ин Шуморо ба гунаи як шахси ворид ба воқеиятҳо муаррифӣ мекард ва таваҷҷӯҳи мардумро нисбататон бештар менамуд. Латифаҳои ҷолибе ҳам дар ин бора пайдо шудаанд, ки Шуморо ҳамчун як марди воқеъбин муаррифӣ мекунанд.

Зимнан, агар дар бораи таърих бештар мегӯям, ба он хотир аст, ки ҳама хубиву бадиҳои мо дар он инъикоси худро пайдо мекунад. Боз ҳам ба хотиратон меорам, ки зиндагӣ бо имрӯзи мову Шумо тамом намешавад. Пеш аз мову Шумо ҳам одамоне зиндагӣ кардаанд ва нафароне масъулиятҳое мисли мову Шумо доштанд. Инҷониб бо раҳбарони Вазорати корҳои дохилӣ дар солҳои аввали ҳукумати имрӯза сӯҳбат доштам ва аз рӯи нақли онҳо медонам ин сохтору кормандони ҳирфавиаш дар сохтусози суботи ҷомеа чӣ нақш доштанду чӣ гуна амал мекарданд.

Аз ҳамин хотир, ба сифати як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фарде, ки Тоҷикистонро итминонам комил аст аз бисёрии онҳое, ки лоф мезананд, бештар дӯст медорам, наметавонам ба ҳар гуна баррасиҳо дар бораи он бефарқ бошам.

Шуморо ҳам, ҳамин гуна тасаввур мекунам, ҳарчанд ҳеч гоҳ сӯҳбати рӯ ба рӯ надоштем.

Ба асли масъала баргардем. Аз Шумо чӣ мехоҳам?

Абдуллоҳ Ғурбатӣ баъд аз латту кӯби дувум. 29-уми майи 2020
Абдуллоҳ Ғурбатӣ баъд аз латту кӯби дувум. 29-уми майи 2020

Ҳатман хабар доред, ки дар як моҳи ахир, ҳатто камтар аз як моҳ як ҳамкасби мо – Абдуллоҳ Ғурбатиро ду дафъа латту кӯб карданд. Тасаввур мекунед, ҷавонеро, ки ҳамагӣ бисту чандсола аст ва агар фарзандоне дар синну соли ӯ доред, бароятон кӯдаке беш нест. Оё бо як кӯдак чӣ гуна бархӯрдро раво мебинед?

Бигзор чунин фикре ҳам пайдо шавад, ки ҳарду мавриди латту кӯб он қадар ҷиддӣ набуданд. Аммо тавре дар ҳамон масали халқӣ омадааст: "Мурдани кампир гап не, аммо аҷал одат мекунад". Ин як.

Дуюм, оё дар назди ҷомеа обрӯи милиса коҳиш намеёбад?

Сеюм, бархӯрди ноҷо ба журналисте, ки пайи рисолати касбист, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ сару садои зиёдро ба миён меорад.

Ин номаро ҳам наменавиштам, агар дар тақрибан як моҳи фосилаи байни ин ду воқеа, ақаллан омилони ҳодисаи аввал пайдо мешуд. Вале на танҳо пайдо нашудани онҳо, ки маротибаи дуюм сар задани ин ҷиноят, бардоштҳоеро дар ҷомеа ба миён овардааст: на “қаҳрамони” ҳодисаи аввал ва на баъдӣ пайдо намешавад.

Мисли ҳодисаҳои қаблӣ, ки журналистонро латту кӯб карданду ба боди “фаромӯшӣ” рафт.

Агар ин ҳодисаҳоро, Худое накарда, ба “гурӯҳҳои хос” нисбат бидиҳанд, медонед чӣ бардоште ҳосил мешавад?

Ҳади ақал ду хулоса:

  1. Ин қассос аст ва он ҳам аз як “кӯдак”;
  2. Ин гуна “одамони ношинос” метавонад “манбаи илҳоми” гурӯҳҳои дар асл ҷиноӣ гарданд ва суботи ҷомеаро халалзо кунанд.

Сари ин, бовар дорам, аз ман ва ҳар каси дигар бештар фикр мекунед. Зеро, Худое накарда, ҳолате ҳамчунин ба миён биёяд, пеш аз ҳама Шумо ва кормандони ҳирфавиатон зарар хоҳед дид. Албатта, дар баробари имиҷи давлат, ки дар дохил ва хориҷи кишвар ба сифати як давлати ноамн муаррифӣ хоҳад шуд. Мутмаинам инро намехоҳед.

Пас, хоҳиш мекунам (ҳарчанд ба сифати як шаҳрванд ҳақ ҳам дорам, ки аз Шумову зертобеонатон талаб низ намоям) масъаларо ҷиддӣ бигиред. Ақаллан бо ин ки бархе аломатҳои ин ҷиноят ба нақли Абдуллоҳи Ғурбатӣ маълуманд: “раиси маҳалла”, “се одами савори мошини "Опел-караван", ҷои ҳодиса ва ҳатман шоҳидон.

Милитсия ҳоло ҷиноятҳои солҳои 90-ро ҳам, ба маълумоти худашон пайдо мекунад. Пас чӣ мушкиле дар миён метавонад бошад?

Бовар дорам, ки ин мавзӯъ ба зудӣ ҳалли худро пайдо карда, боис ба гуфтугузори пайдошуда дар ин бора намешавад.

Инҷониб ба сифати кумак ба кормандонатон, ки мутмаинам ҳоло паи дарёфти ҷинояткорон машғуланд, аз Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон 6 (шаш) банди мувофиқ ба ҳодисаро пешниҳод мекунам:

  • Моддаи 136. Таҳқир
  • Моддаи 143. Вайрон кардани баробарҳуқуқии шаҳрвандон
  • Моддаи 162. Монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналистон
  • Моддаи 237. Авбошӣ
  • Моддаи 316. Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ
  • Моддаи 334. Худсарӣ.
  • Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

    Корбарони азиз!

    Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (25)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG