Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Нафаскашиам ба онҳо хуш наомад". Ёддоштҳои хабарнигори рус пеш аз марг аз коронавирус


Анастасия Петрова
Анастасия Петрова

Анастасия Петрова, хабарнигори рус, рӯзи 31-уми март дар бемористони шаҳри Перм даргузашт. Сабаби расмии марги ин зан пневмония ё илтиҳоби шуш гуфта шудааст, вале баъдан мақомот эътироф карданд, ки зани 36-сола ба коронавирус олуда шуда буд. Пеш аз даргузашташ Петрова дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмҳояш ба дӯстон таърихи беморӣ ва муолиҷаашро муфассал навишта фиристод.

Перм, Русия. Петрова баъд аз зӯҳри 23-юми март дар саҳифааш дар Фейсбук навишт: "Имрӯз бояд рӯзи аввали истироҳати ман мебуд, аммо дар иваз рӯзи аввали бемории ман шуд".

"Шабона табам баланд ва дарди шадиди гулӯ ва сурфаи сахт пайдо шуд. Духтурро даъват кардам ва дар бораи шиносҳоям, ки аз хориҷа омада буданд, огоҳ намудам. Се шинос дорам ва ҳамаи онҳо бештар аз ду ҳафта пеш аз сафар баргаштаанд", - навиштааст ӯ.

Хабарнингори рус мегӯяд, барои поин овардани табаш, ки 38,4 дараҷа буд, "ибупрофен" гирифт. Ним соат баъд навишт, ки духтури минтақавӣ ба диданаш омад:

"Духтур ба дохили хона надаромад. Дар фосилаи як метр дар бораи нишонаҳои беморӣ пурсид. Ваъда дод, ки давоми рӯз омада, барои санҷиши коронавирус аз оби даҳонам намуна мегиранд. Хоҳиш кард, ки дар давоми 14 рӯз, ҳадди ақал то ба даст омадани натиҷаҳои манфии санҷиш, аз хона набароям. Гуфт, ки нороҳат нашавед, мавсими сармохӯрдагӣ ҳам идома дорад".

Анастасия Петрова
Анастасия Петрова

Худи ҳамон шаб Анастасия Петрова дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, табаш 39 дараҷа аст ва на "ибупрофен" ва на "паратсетомол" барои поин овардани ҳарорати баданаш кумак намекунад.

Ӯ субҳи 24-уми март навишт: "Ҳеч кас наомад ва санҷиши оби даҳони маро нагирифт. Касе ҳам занг назад. Оби бинӣ надорам, сурфа ҳаст". Петрова гуфтааст, навиштаҳои фейсбукиашро дар режими "хусусӣ" (private) мегузорад ва аз дӯстонаш ҳам хостааст, ин ҳамаро ба модараш нарасонанд, то нигарон нашавад.

Петрова ба Ёрии таъҷилӣ занг задааст. Ӯро бо эҳтимоли олудагӣ ба коронавирус ба беморхона интиқол доданд. Рӯзи 31-уми март ӯ дар бемористон даргузашт. Журналисти рус тавассути навиштаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷузъиёти рӯзҳои охирини танҳоиашро расонида тавонист.

Петрова дар шаҳри Перм, ки як миллион аҳолӣ дошта, дар 1500-километрии шимолу шарқи Маскав, дар минтақаи кӯҳии Урал ҷойгир аст, шахсияти шинохташуда буд. Дар мақоми сардабири вебсайти хабарии "Деловой интерес" кор мекард.

Татяна Черепанова, раиси бахши Иттиҳоди журналистон дар Перм гуфт, Петрова тавонист ин расонаро аз як матбуоти рӯ ба ҳукумат ба вебсайти мустақил табдил диҳад.

Петрова дар як мусоҳибааш моҳи октябри соли 2019 гуфта буд, "дар ҳолати баҳсӣ, агар сухан дар бораи соҳибкоре бошад, ки қонунро риоя карда, андозро саривақт пардохт мекунад, мо ҳамеша аз манфиати ӯ ҳимоя мекунем".

Модари Петрова – Марина Шилова ҳам журналисти машҳур аст.

Светлана Данилова, муҳаррири “Деловой интерес” мегӯяд, "Настя аз хонаводаи журналист аст ва аз модараш беҳтарин хислатҳо, аз ҷумла, қотеият ва сарсахтиро, ки барои расидан ба мақсад лозим аст, ба мерос гирифтааст. Ӯ як инсони закиву рӯшанфикр аст. Настя ҳамеша дастболо буд. Духтаре бо як симои фиребандаи бонувони Давраи Эҳё замири бисёр қавӣ дошт. Ба назар чунин мерасид, ки гӯё ҳама кор ба осонӣ даст медиҳад ва тақрибан коре набуд, ки аз ӯҳдааш набарояд. Ба ҳамин хотир ҳам, ӯ ин чизҳоро ҷиддӣ намегирифт".

Петрова ба ҷуз кори асосиаш нависандаву рассом буд, ду писарро танҳо бузург мекард. Наздиконаш мегӯянд, ки дар солҳои охир бисёр вақт аз илтиҳоби шуш ранҷ мекашид ва ба давоҳои гурӯҳи пенисиллин ҳассосият дошт.

Петрова дар паёми дигараш рӯзи 24-уми март дар Фейсбук навишт, вақте ба беморхона бурданд, ӯро дар дохили мошини Ёрии таъҷилӣ дурудароз нигоҳ доштанд. Табибону ҳамшираҳо дурудароз телефонӣ машварат мекарданд, ки бо ӯ чӣ кор кунанд. "Онҳо ҳеч дастури мушаххаси ба куҷо бурдани мардумро надоранд. Ҳеч кас намедонад, ки чӣ бояд кард", - навишт ӯ.

Он рӯз ӯро ба бемористони дигар бурданд.

“Ваҳм фаро мегирад”

Петроваро дар як утоқ танҳо ҷой доданд. Ҳамшираҳо ба ӯ гуфтанд, тамоми ҳуҷраҳоро мисли ӯ якнафарӣ ишғол кардаанд. Хабарнигори рус навишт: "Доруи зидди таб ва маводи маъмулие, ки ҳангоми сармохӯрдагӣ муқаррар шудааст, доданд. Ба ман ниқоби оксиген доданд ва гуфтанд, аз нафаскашиам хушашон наомад. Ҳоло бояд ду ҳафта дар инзиво бимонам ваё ду санҷиши тиббии ман (ба коронавирус) бояд манфӣ барояд".

Баъд аз муддати кӯтоҳ ду табиби эҳёгар омада, хулоса карданд, ки зарурат барои зери дастгоҳи нафаскашӣ ҷой кардани ӯ нест. "Вақте духтури эҳёгар сурати рентгени туро мӯшикофона меомӯзад, ваҳм фаро мегирад", - навишт ӯ.

Анастасия Петрова
Анастасия Петрова

Субҳ Петрова барои санҷиши сармохӯрдагӣ, коронавирус ва навъҳои дигари беморӣ хун супурд. "Акнун интизор мешавам", - навишт ӯ. Акси хӯроки субҳонаашро нашр кард ва таъкид намуд, ки ғизоро дар табақи пластикӣ оварда гуфтанд, ҳамаро баъд ба қуттии махсуси ахлот партояд.

Чанд соат баъди ин ӯ ба як дӯсташ навишт, ки на ӯ ва на духтури ӯ бовар надоранд, ки дучори коронавирус шудааст. Вай афзудааст, "зарурати барои ман шуда чизеро бастан ваё бо сабаби бемории ман барои дигарон ҷорӣ кардани карантин вуҷуд надорад". Баъди рентген табибон гуфтанд, ки ӯ илтиҳоби шуш ё пневмония шудааст

Рӯзи 25-уми март навишт, аз як рӯз зиёд мешавад, ки табаш дар ҳудуди 38 дараҷа мемонад. Ӯ афзуд: "Чунин эҳсос мекунам, ки гӯё дар дохили маҳлуле ғарқ мешавам. Ба ҳамин хотир ба касе ҷавоб наменависам, нирӯ надорам. Тахминан 90 дарсади вақт хобам. Ҳамеша ташна ҳастам. Натиҷаҳои озмоиш феълан маълум нест".

Рӯзи дигараш навишт, таби баданаш “мисли чархофалак”аст. Аввал 39 дараҷа буд, дору доданд, то 37 поин омад ва баъди ин дубора боло шуд.

Субҳи 26-уми март ӯ хабар дод, ки натиҷаи озмоиши аввали коронавирус манфӣ баромад. Ӯ инро дар як шарҳи дуюмаш дар Фейсбук рӯзи 29-уми март ҳам тасдиқ кард. Вале баъди ин ӯро зери дастгоҳи нафаскашӣ гузоштанд. То 31-уми март, лаҳзаи маргаш, Петрова зери дастгоҳ буд.

Рӯзи 1-уми апрел Оксана Мелехова, сардори идораи беҳдошти вилояти Перм, дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки ташхиси бемории Петрова нишон дод, ӯ “илтиҳоби шуши дутарафа” доштааст, вале мақомот мунтазири натиҷаҳои санҷиши дуюми ӯ ба коронавирус мебошанд.

Мелехова афзуд, тамоми нафарони бо Петрова дар тамосшуда зери карантин гирифта шуданд ва аз санҷиши коронавирус гузаштанд. Ӯ гуфт, "мо ҳама тадбирҳои эҳтиётии эпидемиологиро ба кор бурдем" ва афзуд, "баробари расидани натиҷаҳои санҷиши тестии Петрова ҳатман онро дар ихтиёри ҷомеа мегузорем".

Бо ин вуҷуд, рӯзи 2-юми апрел як дӯсти Петрова, журналисти маҳаллӣ Юлия Балабанова, акси паёми рӯзи 29-уми марти ӯро нашр кард, ки дар он навишта шудааст: "Натиҷаи тести дуюми ман мусбат баромад” ва “ҳолам хеле бад аст”.

Балабанова дар саҳифаи худ дар Фейсбук, ки баъдан пок шуд, навишт, "порае аз мукотибаамро нашр мекунам. Настя медонист, ки тести дуюмаш ба коронавирус мусбат баромад. Чаро ба мо дар ин бора пизишкони ӯ хабар намедиҳанд, ман намефаҳмам. Ба назари ман, ҳоло муҳим ин аст, ки тамоми мавод аз ҳама ҷониб ба таври комилу шаффоф фароҳам шавад".

Баъди ин Балабанова нахост тафсилоти мукотибаро бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ баррасӣ кунад ва танҳо гуфт, ҳар чизе буд, нашр кард.

Омори шубҳаовар

Чанд соат баъди нашри Балабанова, мақомоти беҳдошти Перм шарҳи расмии сабабҳои марги Петроваро тағйир дода, гуфтанд, "пневмонияи дутарафа бо сабаби инфексияи коронавирус пайдо шудааст".

Журналист Валерий Мазанов, ки дар Перм кор мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфт, қазияи Петрова баёнгари он аст, ки мақомот талош мекунанд мавридҳои олудагӣ ба коронавирусро дар кишвар камтар нишон диҳанд. Мазанов гуфт, "бо пинҳон кардани чунин маълумот, ин мардуми бемасъулият ҷони даҳҳову садҳо ваё ҳазорҳо нафарро таҳти хатар қарор медиҳанд" ва афзуд: "Дар ниҳояти амр, агар шахс дар пайи олудагӣ ба коронавирус даргузашт, ҳеч касе нафарони атрофи ӯро аз санҷиш намегузаронад".

Шумори зиёди гирифторӣ ба пневмония ин нигарониро ба вуҷуд овардааст, ки мақомот мизони воқеии паҳншавии коронавирусро дар Русия пинҳон мекунанд. Бино ба омори расмӣ рӯзи 8-уми апрел дар ин кишвар 8672 нафари олуда ба коронавирус сабт шуда, бар асари гирифторӣ ба он 63 нафар ҷон бохтаанд. Ин рақамҳо метавонад дар асл камтар аз омори воқеӣ бошад.

Дмитрий Жебелев, раҳбари як бунёди хайрия дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти маҳаллӣ ба ӯ гуфтаанд, фақат рӯзи 2-юми апрел натиҷаҳои тести дуюми Петроваро ба даст оварданд ва пеш аз он ҳаққи дар ин бора расман сӯҳбат карданро надоштанд.

Ӯ гуфт, шояд ҳам кори мақомот дуруст аст, ки бо нашри чунин иттилоъ таъхир мекунанд ва ин ҳолат чунин фазое эҷод мекунад, ки бисёр беморони ташхисношуда дар берун мегарданд ва "шояд баъзе нафарон аз тарси олудашавӣ муоширати худро камтар хоҳанд кард".

Дмитрий Махонин, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Перм дар вокуниш ба хабарҳо дар бораи қазияи Петрова эътироф кард, ки мақомот дар бораи сабабҳои марги ӯ “хомӯш” буданд ва гуфт, "мо бояд ба мардум ҳақиқатро бигӯем”.

Ӯ рӯзи 2-юми апрел гуфт, "намегузорам, ки дар ин бора дурӯғ гӯянд, бахусус Идораи беҳдошти минтақавӣ. Беморону ҷомеа бояд ҳамон замон дар бораи ҳодисаҳои мусбати гирифторшавӣ огоҳ карда шаванд".

Бар асоси омори расмӣ, то рӯзи 8-уми апрел дар вилояти Перм 32 ҳодисаи тасдиқшудаи олудагӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Се нафар ҷон дода, шаш нафарашон сиҳат шудаанд.​

Дар ин минтақа аз 2-юми апрел гаштугузор маҳдуд шуда, нирӯҳои горди миллӣ ва гурӯҳҳои ихтиёриён дар кӯчаҳо иҷрои дастури мақомотро назорат мекунанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG