Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озарахш мегӯяд, "ман аз мардумам қарздорам"


Озарахш охири моҳи апрел бемори бистарӣ шуд

Озарахш (Толиб Каримов), адиби шинохтаи тоҷик, ки баъд аз муолиҷаи тӯлонӣ ҳафт рӯз пеш аз бемористон ҷавоб шуд, мегӯяд, аз табибон ва ҳаводоронаш сипосгузор аст, ки ӯро аз чанги бемории вазнине халос карданд.

Шоири тоҷик, ки рӯзи 29-уми апрел бо нишонаҳои бемории илтиҳоби шуш бистарӣ шуд, рӯзи 13-уми май гуфт, даҳ рӯз дар шифохона зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ “беҳушу беёд” буд.

Радиои Озодӣ бо Озарахш доир ба вазъи сиҳатӣ ва рӯзҳои сахти бемориаш сӯҳбат кард.

Радиои Озодӣ: Вазъи сиҳатиатон чӣ гуна аст, рӯзҳои аввали берун аз бемористон дар хона чӣ гуна мегузарад?

Озарахш: "Табобат дорам, идомаи табобатро дар хона мегирам, пизишкҳо бо як масъулияти баланд муносибат доранд. Ба эҷоди шеъру китобхонӣ машғул ҳастам. Хондани китоб ба инсон оромиш мебахшад. Дар дастам “Маснавии Маънавӣ”-и Мавлоно аст, мутолиа дорам. Адабиёти классикиро меомӯзам, тамоми воқеаҳои имрӯзу дирӯз дар ҳамин адабиёт ҳаст. Ба Маснавӣ назар кунед, ҳамаро мебинед."

Радиои Озодӣ: Баргардем ба рӯзҳое, ки шуморо дар беморхона бистарӣ карданд. Беморӣ кай ва чӣ гуна шуруъ шуд?

Озарахш: "Моҳи март буд. Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз ба Душанбе омадам ва бо ҷавонони шаҳр шаби эҷодӣ доштам. Рӯзи 22-юми март ин мулоқот баргузор шуд ва ба худам ҳам бисёр писанд омад. Намедонам дар шаҳр ва ё вақти бозгашт ба Хуҷанд сармо хӯрдам, сахт шамол кашидам ва бо ҳамин худамро бад ҳис кардам. Маро ба беморхонаи ҷамоати Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бурданд. Рӯз ба рӯз аҳволам вазнин мешуд, дар онҷо пизишкҳо ҷиддӣ муолиҷа мекарданд. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода шахсан назорат мебурд ва инро ҳам бояд гӯям, ки харҷу сарфи доруву дигар заруриётро эшон таъмин мекард, ман изҳори сипос мекунам."

Радиои Озодӣ: Вақти беморӣ бисёр ранҷу дард кашидед, аҳволатон бисёр бад шуд, чун хабар мерасид, ки вазъи шумо бисёр вазнин шудааст?

Озарахш: "Дард ба дараҷае ба танам давида буд ва даруни синаам сахт дард мекард. Аз ҳуш мерафтам, беёд мемондам, 10 рӯзро зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ паси сар кардам. Падари 88-солаам пеши назарам меомад, ки ду даст ба боло барои ман дуо мекарданд. Хешовандону ҳамдеҳагонам дар беруни беморхона чашм таҳ намекарданд. Устод Ҷӯрабек Муродов дар рӯзҳое, ки беҳушу беёд будам, 20 маротиба ба ман занг задаанд. Ин рӯҳи маро мебардошт. Устод Ҷӯрабек аз аввалинҳо буданд, ки барои ман дуои нек кардаанд. Ин чӣ қадар хушбахтӣ аст. Талошу кӯшиш, дору гузаронидани табибон яке маро ба худ меовард ва умедро барои ман бештар мекард. Худоро шукр бо ҳама сахтиҳо аз панҷаи ин беморӣ халос шудам ва ҳоло дар назди азизонам ҳастам. Ба онҳое, ки пайвандону азизонашон ба ин беморӣ гирифтор шудаанд ва ё бар асари он азизонашонро аз даст додаанд, изҳори ҳамдардӣ мекунам ва медонам ин балое аст, ки ба сари одам меояд. На ба ҷони барно раҳм дорад, на ба ҷони пир. Ҳамаро, чи тару чи хушк, бурда истодааст. Охир, ин даҳшат аст, наметавонам, дигар хел шарҳ диҳам."

Радиои Озодӣ: Дар утоқе, ки бистарӣ будед, боз киҳо буданд. Табиби асосии шумо кӣ буд, умуман пизишкҳо либоси хос доштанд?

Озарахш: "Бовар кунед, дар утоқ танҳо будам. Пизишконе, ки аз ман муроқибат мекарданд, якто набуд, чанд нафар буданд, бо эҳтиёти тамом муносибат мекарданд, дар тан либоси махсус, даҳонбанд, кӯлоҳ ва пойафзоли хос доштанд, бо масъулияти тамом рафтор мекарданд, вале табиби асосии ман Фарзона (ҳамсараш шоираи номии тоҷик) буд, ки сухани ӯ, муомилаи фариштахӯии ӯ маро зинда нигоҳ дошт."

Радиои Озодӣ: Дар рӯзҳое, ки бистарӣ будед, баъзе расонаҳо навиштанд, ки дар Олмон будед ва эҳтимол аз онҷо бемор баргаштед...

Озарахш: "Не, не. Ин нодуруст аст. Ман аз Тоҷикистон берун нарафтаам. Дақиқан ду сол аст, ки аз Тоҷикистон набаромадаам ва ба ҳеч ҷое нарафтаам. Табобати ман пурра дар ҳаминҷо сурат гирифтааст."

Радиои Озодӣ: Пештар ишора кардед, ки як шеър навиштаед, дар рӯзҳои мубориза бо ҳаёт, шояд дар бораи ҳамин беморӣ аст, дар бораи COVID-19?

Озарахш: "Э монед "Ковид"-ро, рӯи "Ковид" сиёҳ, Худо бигирад "Ковид"-ро. Шеъри ман дар бораи падарам аст. “Дуруд ба падар”. Рӯзҳои вазнин дуои падар буд, ки дарҳо боз шуд, Худованд шуниду сиҳат ёфтам. Имрӯз, ё фардо дар Интернет мегузорам."

Радиои Озодӣ: Шумо то беморӣ яке аз корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус Фейсбук будед, ҳоло ният доред баргардед?

Озарахш: “Бале, ҳатман. Ман дар зарфи чаҳор ё панҷ рӯз бармегардам ва гуфтаниҳои зиёд дорам. Мехоҳам аз фурсат истифода кунам ва гӯям, ки дар ин шабу рӯз тавре медидам, барои ман мардуми кишвар аз Хатлону Бадахшон аз Душанбеву Суғду Зарафшон дар дохил ва дар хориҷ даст бардоштаву дуои нек мекарданд ва сиҳатии маро мехостанд. Ман аз мардумам қарздорам."

Радиои Озодӣ: Дар бораи маргу мир аз бемории СОVID-19 ва талошу кӯшишҳо барои рафъи беморӣ чӣ назар доред?

Озарахш: "Пештар ишора кардам ин фоҷиа аст. Дирӯз дар Интернет хондам, Абдуллоҳи Раҳнамо навиштааст, ки пас аз чанд лаҳза зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ меравад ва аз мардум хостааст, барояш дуо кунанд. Ман дарк мекунам, ин ҳарфҳои Абдуллои гиромиро ва сад маротиба барояш дуо кардам. Худованд ӯро ҳифз кунад. Дар рӯзҳое, ки дар беморхона будам, хабари марги шоири шинохта Муҳаммадалии Аҷамиро шунидам ва имрӯз хабари марги устод Камолиддиновро хондам. Ин устоди барно, ки ҳамеша ҷавон буданд, аз дасти ин вирус фавтидаанд, магар фоҷиа нест? Боз фарзанди азизашон духтари устод ҳам даргузаштааст. Даҳҳову садҳо хонавода дучори ин даҳшати азим ҳастанд. Ҳама, шурӯъ аз мақомот то ҳар шаҳрванди кишвар, даст ба даст аз пайи ҳифзи сиҳатии ҷомеа бошему ислоҳ кунем. Ман барои мардумам, ки рӯҳи маро зинда нигаҳ медоштанд, садҳо шеър менависам ва мисли дастагул нисорашон мекунам."

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (26)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG