Дастаи мунтахаби нарасони Тоҷикистон, ки аз ҳисоби бозигарони то 16-сола таркиб ёфтааст, дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии аввали дӯстона миёни тимҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Умон рӯзи сешанбеи 24-уми апрел ва бозии дувум рӯзи ҷумъаи 27-и апрел барпо мегарданд. Ҳарду бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор соати 18:00 шуруъ мешавад.
Зимнан, дар даври интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018, ки моҳи сентябри соли гузашта дар Ҳисор доир шуда буд, дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Умон ба як гурӯҳ шомил буданд. Футболбозони навраси тоҷик бар ҳамсолони худ аз Умон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд.
Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Умон моҳи сентябри имсол дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки аз 20-уми сентябр то 7-уми октябр дар Малайзия баргузор мешавад, ширкат меварзанд.
Рақибони дастаҳои мунтахаб дар гурӯҳҳо 26-уми апрел маълум мегарданд. Дар ҷараёни қуръакашӣ чаҳор гурӯҳ ташкил мешавад, ки ҳар як гурӯҳ аз чаҳор даста таркиб меёбад. Аз рӯи натиҷагирии сабқати гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба чорякфинал мебароянд ва минбаъд мусобиқа аз рӯи системи олимпӣ сурат мегирад, яъне дастаи мағлубшуда аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум мешавад.
Бояд гуфт, ки чаҳор дастаи беҳтарини мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2019 (U-17), ки дар Перу доир хоҳад шуд, роҳхат мегирад.
Ҷавоб ба муҳоҷир: ба давлати Русия бояд шукрона гуфт. Агар Русия тамоми шаҳрвандони Тоҷикистонро аз каламраваш биронад мардум мемирад ай гуруснагира. Мардуми рус бисёр мардуми меҳрубон ҳастанд ман дар умрам чунин мардумро бори аввал мебинам ва шукрона мекунам ки дар дасти онҳо кор мекунам
Шармандаги!!! Артиш магар сохиб надорад? Чаро мардумро фиреб медихед, чавононро сун Заххоки морсар курбони худ мекунед. Командирхои алкогалик, бе магз, дузд - аз хаки аскарон оилаатонро мепоед, шароите фарохам овардаед, ки аскар бо аскар занозани мекунад. Худи шумо, ба Ватан хизмат мекунед ё ба душман. Бо хучатхои сохта ба мурдае, ки худро химоя карда наметавонад тухмат мекунед. Ин артиш оё сохиб дорад?
Илтимос рохпаймони бахшида ба 30 солагии Истиклолияд намонед. Харруз аз 5-10 сарф мешад. Гузоред дар тобистон 50% маблаги тахсилро худам кор кунам. Мачбур накунед талабахо, донишчуён ва омузгоронро..илтимос
Агар аз 16 Марти соли 2020 депорт карда Бошанд мешавад аз нав патент кард ?.
Барои ахли оилаи хамин сарбоз, сабри чамил хохонам, дар мохи мубораки рамазон худованд илохо чанати гардонад