Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон аз 500 нафар гузашт


Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки шабонарӯзи гузашта дар кишвар 61 мавриди нави сирояти бемории COVID-19-ро сабт кардаанд ва ду нафари дигар аз ин беморӣ фавтидаанд.

Вазорат рӯзи 8 май бо нашри як баёнияи расмӣ дар вебсайташ гуфт, ҳамингуна то имрӯз теъдодт гирифторон ба 522 нафар расидааст. Бемории мазкур то имрӯз 14 нафарро куштааст. Ба гуфтаи вазорат беморӣ аз ҳама бештар дар Душанбе дида мешавад ва теъдоди беморон дар инҷо 223 нафарро ташкил медиҳад.

Дар Суғд 139 нафар, дар ноҳияҳои тобеи марказ 83 нафар, дар Вилояти Бадахшон 18 нафар, дар Хатлон 59 нафар ба ин беморӣ гирифтор шудаанд. Вазорати тандурустӣ ҳамчунин гуфт, Дар як шабонарӯзи охир 420 нафар пас аз гузаронидани ташхису муоина дар ҳолати қаноатбахш аз муассисаҳои табобатӣ ҷавоб дода шудаанд.

Бархе аз коршиносону мардум ба дурустии омори расмӣ шубҳа доранд ва мегӯянд, мумкин аст, теъдоди гирифторон ва талафот аз беморӣ дар Тоҷикистон зиёд бошад. Мақомоти Тоҷикистон то 30-юми апрел мегуфтанд, ки дар кишвар беморӣ ба касе сироят накардааст, ҳарчанд тақрибан ҳар рӯз доир ба афзоиши бемории “илтиҳоби шуш” ва маргу мир аз ин беморӣ гузориш мерасид. Бемории COVID-19 аломатҳои шабеҳи зукоми маъмулӣ ва ҳам “илтиҳоби шуш” дорад.

Баъди авҷ гирифтани гузоришҳо дар ин бора ҳукумати Тоҷикистон зери фишори ҷомеаи маданӣ маҷбур шуд, гурӯҳе аз мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Беҳдоштро барои арзёбии вазъ ва баҳо додан ба тавоноии Тоҷикистон барои муқобила бо вируси нав ба кишвар даъват кунад.

Ҳайат баъди вуруд ба Тоҷикистон бо мақомоти баландпоя, аз ҷумла Қоҳир Расулзода, нахуствазир ва раиси Ситоди пешгирӣ аз сирояти COVID-19 мулоқот дошт ва вазъи бемористонҳо, озмоишгоҳҳо ва хонаҳои пиронсолонро омӯхт.

Талош барои муқобила бо беморӣ бо имконоти кам

Баъд аз интиқоди пайвастаи амалкардҳои ҳукумат дар пешгирӣ аз сирояти беморӣ, гузоришҳо доир ба пушти дар мондани беморон ва омода набудани шифохонаҳо барои қабули гирифторон, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо фармоне Насим Олимзода, вазири тандурустиро аз кор озод кард. Ҳарчанд дар фармон гуфта шудааст, ки сабаби аз кор озод кардани ӯ, “гузаштан ба кори дигар” будааст.

Ба ҷойи ӯ, Ҷамолиддин Абдуллозода профессор ва ҷарроҳи 54-соларо таъйин карданд, ки дар зодгоҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба дунё омада ва то расидан ба ин мақом мудири "Истиқлол" яке аз бузургтарин шифохонаҳои муосир дар Душанбе буд.

Айни замон гузоришҳои зиёде мерасад, ки табибони тоҷик васоили муҳофизатии кофӣ аз беморӣ надоранд ва норасоии доруворӣ ба мушоҳида мерасад. Ҳукумати Узбекистон рӯзи 8 май гурӯҳе аз мутахассисони вирусшиносро барои кӯмак ба Тоҷикистон фиристод ва вазорати умури хориҷӣ гуфтааст, ки Чин ҳам қасд дорад, барои муқобила бо беморӣ ба Тоҷикистон бо мутахассисону доруворӣ кӯмак расонад.

Баъди эълони 15 мавриди нахустини сирояти беморӣ дар Тоҷикистон дар рӯзи 30-юми апрел, таътили хонандагони мактабҳои миёнаро то охири тобистон дароз карда, кӯдакистону бозорҳои либос ва фурӯшгоҳҳоро бастанд.

Баргузор кардани чорабиниҳои оммавӣ, консерт, намоишномаҳои театрӣ манъ аст, вале нақлиёти умумӣ, бозорҳои хӯрокворӣ, дорухонаву дигар муассисаҳои давлатӣ ба таври маъмулӣ кор мекунанд.

Бо вуҷуди онки ҳукумат расман, гаштугузорро маҳдуд накарда ва ё карантини саросарӣ эълон накардааст, мақомоти расмӣ хона ба хона гашта, ба мардум тавсия медиҳанд, ки бе зарурат берун наоянд.

Кӯчаву бино ва муассисаҳои давлатиро дар шаҳрҳои бузурги кишвар ба мисли Душанбеву Хуҷанду Бохтар ва дигар ноҳияҳо бо хлор аз вирусу микроб пок мекунанд. Бо вуҷуди ин нигаронӣ дар байни мардум аз сирояти беморӣ зиёд аст ва хариди оммавии доруҳои зиддивирусӣ ба чашм мерасад, ки ба гуфтаи табибон истифодаи бе дастури онҳо ҳеҷ фоидае ба сиҳатии инсон ва муолиҷаи COVID-19 надорад.

Рӯзи 8 май дар ҷаласаи ситоби ҷумҳуриявии пешгирӣ аз густариши коронавируси нав "пешгирии харидуфурўши ғайриқонунии доруворӣ ва дигар маводи тиббӣ, истифодаи ҳатмии ниқоб, бе зарурат набаромадан аз манзили зист, фароҳам овардани шароит барои муолиҷаи беморон баррасӣ шудааст.

Мақомоти расмӣ дар ин ҷаласа гуфтаанд, сокинон набояд худсарона ба истеъмоли доруҳои гуногун даст зананд ва ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои беморӣ ҳатман бо телефонҳои боварӣ ба табибон ва мутахассисон муроҷиат намоянд.

XS
SM
MD
LG