Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СҶТ дар байни обу оташ. Чин чӣ гуна иттилоъ дар бораи вирусро дер пешниҳод кард


Санкт-Петербург, 19-уми майи 2020
Санкт-Петербург, 19-уми майи 2020

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (СҶТ) дар моҳи январи имсол дар маҳзари ом Чинро барои вокуниши зуд ба муқобили коронавируси нав ситоиш мекард. Дар чандин чунин ситоишҳо "саривақт" дар ихтиёри СҶТ гузошта шудани харитаи генетикии вирус ва ҳам шаффофияти ҳукумат ва "бисёр муассир" будани он таъкид шуд.

Вале тавре оҷонси хабарии "Ассошиэйтед Пресс" маълум кардааст, дар пушти саҳна вазъият тамоман дигар буд ва воқеият ин аст, ки Чин дар пешниҳоди маълумот таъхир мекарду мақомдорони СҶТ аз ин ҳолат "нороҳату бисёр хаста шуданд".

Даҳҳо мусоҳибони оҷонсӣ ва санадҳои дохилӣ мегӯянд, мушкил дар назорати шадиди иттилоъ ва ҳам рақобати тунд дар дохили низоми давлатии тиббӣ аст.

Геноми “пинҳоншуда”

Геном маълумоти биологӣ дар бораи хусусиятҳои вирус аст, ки дар ҳуҷайра ҷойгир мешавад. Озмоишгоҳҳои давлатии Чин геноми коронавируси навро танҳо баъд аз он нашр карданд, ки рӯзи 11-уми январ як лабораторияи дигар ин маълумотро чоп кард. Ҳатто баъди ин ҳам Чин давоми ду ҳафта аз таъмини СҶТ бо иттилои дақиқу фарогир дар бораи беморон худдорӣ мекард.

Хулосаҳои ҷаласаҳои дохилии СҶТ баёнгари он аст, ки дар тӯли моҳи январ, яъне замоне ки имкони кам кардани суръати паҳншавии вирус вуҷуд дошт, мақомоти Чин аз табодули иттилоъ худдорӣ мекарданд.

Оҷонси "Ассошейтед Пресс" дарёфт, ки СҶТ ба хотири гирифтани маълумоти ҳарчи бештар аз ҳукумати Чин дар маҳзари ом аз он ситоиш мекард, вале дар ҷаласаҳои корӣ ва ба таври хусусӣ Чинро барои худдорӣ дар ироаи иттилоъ, роҳҳои паҳншавии он дар миёни мардум ва ё хатари он ба дигар аъзои сайёра интиқод менамуд.

Мария Ван Керхове мутахассиси бемориҳои сироятӣ ва раҳбари тими фаннии COVID-19 дар Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ аст. Вай гуфт, "мо бо иттилои ҳадди ақал сарукор мегирем". Ба қавли ӯ, "дар нақшагирии кор ин хеле нокофӣ мебошад".

Доктор Гаулен Галеа, мақомдори аршади СҶТ дар Чин, бо ишора ба Телевизиони давлатии Чин дар як ҷаласаи дигари моҳи январ гуфтааст: "Мо ҳоло дар вазъияте қарор дорем, ки ҳар хабари навро танҳо 15 дақиқа пеш аз нашри он дар CCTV ироа мекунанд".

Нашри ҷузъиёти пайдоиш ва бархӯрд бо вируси нав дар "Ассошиэйтед Пресс" дар ҳолест, ки СҶТ дар ҳолати дифоӣ қарор дорад, чун таҳқиқи мустақилонаи байналмилалӣ бархӯрди созмонро дар муқобили коронавируси нав мавриди санҷиш қарор додааст. Баъди он ки созмон ҳукумати Чинро дар оғози сол чанд бор ситоиш кард, президенти Амрико Доналд Трамп СҶТ-ро мавриди тозиёнаи танқид қарор дод ва ба эҳтимоли муомилаи пинҳонӣ бо Пекин ва сар задани бӯҳрони беҳдоштӣ айбдор намуд.

Рӯзи ҷумъаи гузашта Трамп бо СҶТ иртиботро қатъ кард ва додани 450 миллион доллар ёрии Амрикоро ба ин созмон зери суол бурд. Ин маблағ ҳамасола ба буҷаи СҶТ ворид шуда, Иёлоти Муттаҳидаро ҳамчун бузургтарин сармоягузори барномаҳои ниҳоди беҳдоштии СММ муаррифӣ кардааст.

Дар ҳамин ҳол, раҳбари Чин Си Ҷинпин ваъда додааст, ки дар давоми ду соли оянда барои муқобила бо коронавируси нав 2 миллиард доллар ҷудо мекунад. Вай инчунин гуфт, кишвараш ҳамеша бо СҶТ ҳамкорӣ кардааст.

СҶТ дар байни обу оташ монд

Бозёфтҳои "Ассошиэйтед Пресс" дар бораи таҳаввулоти пушти саҳнаи мавзӯи коронавирус на мавқеи Амрико ва на Чинро тасдиқ намекунад, балки вазъи ногувори СҶТ-ро ба намоиш мегузорад, ки дар байни зарурати бархӯрди фаврӣ ва маҳдудияти салоҳиятҳои оинномавиаш бечора шудааст.

Бо ин ки қонунҳои байналмилалӣ кишварҳоро муваззаф мекунанд, ки ба СҶТ дар бораи ҳолатҳои марбут ба сиҳатии омма гузориш диҳанд, созмон қудрати фишороварӣ ва ё ҳаққи таҳқиқи мустақилонаи қазияҳоро надорад. Ин созмон ба ҳамкорӣ бо ҳукумат вобаста аст.

Натиҷаҳои таҳқиқи журналистӣ нишон дод, ки СҶТ бо Чин вориди муомила нашуда, тавре Трамп иттиҳом зада буд, балки дар як кунҷ зада шуд ва мутобиқи қонун бо маълумоти ҳадди ақал таъмин гардид. Вале, бо ин вуҷуд, ин ниҳод талош кардааст ба хотири дарёфти иттилои бештар Чинро ситоиш кунад. Коршиносони СҶТ гуфтанд, ки донишмандони чинӣ барои мушаххас кардани вирус бо вуҷуди набуди шаффофият дар сатҳи мақомот "кори хеле хуб анҷом доданд".

Бар асоси бозёфтҳои "Ассошиэйтед Пресс", кормандони СҶТ дар ҷаласаҳо роҳҳои эҳтимолии фишороварӣ болои Чинро бе асабонӣ кардани мақомот ва ҳам дар ҳолати бад нагузоштани донишмандони чинӣ баррасӣ мекарданд. Қонунҳои байналмилалӣ мегӯяд, СҶТ баробари дарёфти иттилоъ аз хатар ё бӯҳрони беҳдоштӣ бояд кишварҳои узвро огоҳ кунад.

"Шеваи бархӯрд бо Чин бояд иваз шавад"

Дар ҳафтаи дуюми моҳи январ раҳбари умури изтирории СҶТ Майкл Раян ба ҳамкоронаш гуфтааст, шеваи бархӯрд бояд иваз карда шавад ва ба Чин фишори бештар овард, то ҳолати соли 2002 бо вируси SARS такрор наёбад. Он замон ҳам вирус аз Чин шуруъ шуда, дар ҷаҳон 800 нафарро кушта буд.

Раян гуфта буд, ки беҳтарин роҳи “ҳимоят аз Чин” ба роҳ мондани таҳқиқи мустақилонаи СҶТ бо истифода аз иттилои ҳукумати Чин аст, вагарна паҳншавии вирус дар миёни одамон густариш пайдо карда, суолҳоеро дар сатҳи кишварҳои дигар ба бор меорад. Раян гуфтааст, дар гӯшаҳои дигари ҷаҳон, масалан дар Конго, соли 2018 чунин кор роҳ дода нашуд. Манзури ӯ хуруҷи Эбола буд.

Таҳқиқоти журналистӣ собит кардааст, ки озмоишгоҳи ҳукуматӣ геноми вируси навро ҳанӯз рӯзи 2-юми январ ошкор кард, вале таърихи эълони ҳолати фавқулодаи ҷаҳонӣ аз ҷониби СҶТ 30-юми январ буд. "Дар ин муддат суръати паҳншавии вирус 100 то 200 баробар афзоиш ёфт", - гуфтааст Маркази назорат ва пешгирӣ аз бемориҳои Чин.

То рӯзи 2-юми июн ба коронавирус беш аз 6 миллион нафар гирифтор шуда, 375 ҳазор кас ҷони худро аз даст додаанд.

Алӣ Мухдод, профессори пажӯҳишгоҳи арзёбиҳои сиҳатии Донишгоҳи Вашингтон, мегӯяд, "бешубҳа, агар Чин ва СҶТ босуръат амал мекарданд, мо метавонистем бисёриҳоро наҷот бидиҳем". Айни замон ин профессор дарк мекунад, ки дар ҳолати муқовимати шадидтари СҶТ вазъ бадтар мешуд ва Чин ҳеч иттилоъ фароҳам намекард.

Адам Камрадт-Скотт, профессоори Донишгоҳи Сидней мегӯяд, агар СҶТ пойфишорӣ мекард, аз Чин ронда мешуд, вале айни замон таъхири чандрӯза ҳам ҳаётан муҳим буд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG