Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири тоҷик ва намояндаи WHO коронавирусро баррасӣ кардаанд


Brussels -- Sirojiddin Muhriddin, foreign minister of Tajikistan, 10Dec2019

Сироҷиддин Муҳриддин - вазири умури хориҷии Тоҷикистон, бо Ҳанс Клюге мудири минтақавии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Аврупо доир ба роҳҳои пешгирӣ аз сирояти коронавируси нав суҳбати телефонӣ анҷом додааст.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ рӯзи 23-уми апрел дар як изҳороти расмӣ дар вебсайти вазорат гуфт, ки гуфтугӯ рӯзи 22-уми апрел сурат гирифтааст. Дар баёния омадааст, ки Сироҷиддин Муҳриддин бо Клюге доир ба “масъалаи пешгирии шуюи бемории COVID-19”- суҳбат карданд ва "паёмадҳои он ба кишвар ва дар ин замина мусоидати Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ барои Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд."

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то кунун ягон мавриди сирояти COVID-19 дар кишвар сабт нашудааст, аммо марги чанд нафар аз бемориҳое ба мисли илтиҳоби шуш, ки шабеҳи КОВИД-19 аст, шубҳаву гумон дар бораи воқеияти гуфтаҳои мақомотро зиёд кардааст.

Ҳарчанд дар баёния чизе доир ба омадани ҳайати созмон ба Тоҷикистон барои таҳқиқи вазъ гуфта нашудааст, вале Ҳанс Клюге рӯзи 22 уми апрел дар як баёнияи расмӣ гуфт, қарор аст, ҳафтаи оянда як ҳайате барои омӯзиши вазъ ба Тоҷикистону Туркманистон бираванд, ки ҳарду дар қатори кишварҳои "орӣ аз вируси КОВИД-19" ҳастанд.

Маълум нест, ҳайат чӣ гуна ва аз кадом роҳе ба Душанбе меоянд, ҳарчанд кишварҳои минтақа, ки марзҳоро ба рӯи ҳам бастаанд, ба онҳое, ки шиносномаҳои дипломатӣ доранд, иҷозаи равуо медиҳанд.

XS
SM
MD
LG