Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СОVID-19 ба кор дар нерӯгоҳи Роғун ҳам "сироят" мекунад?


Маҷрои рӯдхонаи Вахшро соли 2016 бастанд.

Пандемияи COVID-19, ки ба эътирофи мақомот 30-юми апрел ба Тоҷикистон расид, аз ин пештар ба нерӯгоҳи “Роғун”, як тарҳи азиму ҳаётӣ дар кишвар, “сироят” кардааст.

Беморӣ на ба ягон коргар, балки ба суръати кор дар нерӯгоҳ "сироят" карда, ҷараёни сохтмонро сусттар кардааст. Бар асоси нақша, нерӯгоҳ бояд то соли 2029 мавриди баҳрабардории комил қарор бигирад.

Ҳоло ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки пандемияи коронавируси нав боиси таъхир дар такмили нерӯгоҳи Роғун ва ё ба қавли мақомот “сохтмони аср” шавад. Кор, ба гуфтаи як коргари нерӯгоҳ, моҳи март ва баъди қатъи парвозҳову бастани марзҳои Тоҷикистон суръати қаблиро аз даст дод. Ӯ, ки дар хона аст, рӯзи 13-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, “кор назар ба пештар суст шуд, фақат корҳои агрегатҳо мондааст, вале кори бунёди сарбанд бояд идома ёбад."

"Салини Импреҷило" ширкати итолиёӣ, ки масъулияти бунёди «Роғун»-ро бар дӯш дорад, дар як баёнияи расмӣ доир ба кори семоҳааш гуфт, кор дар нерӯгоҳ қатъ нашудааст. Дар ин баёния аз рӯзи 13-уми май омадааст: “Кор дар бисёре аз сохтмонҳо аз ҷумла Амрико, Австралия, Эфиопия ва Тоҷикистон бо риояти қоидаҳои муҳофизатӣ ва амнияти коргарон идома кард.”

Ҳукумати Тоҷикистон соли 2016 бо ширкат қарордоде бо арзиши 3.9 миллиард доллар имзо кард ва то кунун ду агрегати онро ба кор андохтааст. Чаҳор агрегати дигар боқӣ мондааст, ҳарчанд ин ду агрегат ҳам бояд иваз ва нав шаванд. Телевизионҳои давлатии Тоҷикистон чанде пеш бо нашри гузоришҳо аз Роғун таъриф мекарданд, ки кор босуръат идома дорад. Ба Радиои Озодӣ муяссар нашуд, бо масъулони "Роғун" тамос бигирад.

Дар сурати такмил, нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” бо 6 агрегат ва иқтидори 3600 мегаватт ва тавлиди беш аз 17 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ дар як сол бузургтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд. “Роғун” дар сурати баҳрабадории комил Тоҷикистонро аз кишвари мӯҳтоҷ ба нерӯи барқи обӣ ба бузургтарин фурӯшандаи он дар Осиёи Марказӣ табдил медиҳад.

Рустам Қудратов, вакили Маҷлиси намояндагон ва раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ рӯзи 28-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, нерӯгоҳи Роғун ҳам бешак аз бӯҳрони коронавирус зиён мебинад, аммо начандон зиёд. Ӯ афзуд: “Корҳо пеш рафта истодаанд, барои агрегатҳои оянда маблағ дарёфт шудааст. Ба фикри ман (бӯҳрон) таъсири куллӣ намерасонад, албатта, сохтмон идома меёбад. Он сохтмони аср аст.”

Тасвири дигар аз оянда

Аммо на ҳама мисли вакили тоҷик хушбинанд ва вазъи дигареро тасвир мекунанд.

Филлипо Менга, коршиноси итолиёӣ, ки роҷеъ бо Роғун таҳқиқоти зиёде дорад, ба Радиои Озодӣ гуфт, нерӯгоҳи Роғун мисли дигар тарҳҳои бузург дар ҷаҳон оқибатҳои талхи пандемияи СОVID-19-ро мечашад. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Мисли дигар тарҳҳо, сохтмони садди Роғун ба сабаби хуруҷи СОVID-19 ногузир ба таъхир меафтад. Ҳарчанд кишварҳои Осиёи Марказӣ (бахусус Туркманистон) иддао доранд, ки мавридҳои маҳдуди СОVID-19 вуҷуд дорад, аммо метавон ҳадс зад, ки вирус дар минтақа аз ҷумла Тоҷикистон васеъ паҳн шудааст. Дар миёнамуддат пандемияи COVID-19 бахусус ба нерӯи корӣ дар нерӯгоҳ таъсир мегузорад. Масалан ба сохтмонҳои Қатар, барои мизбонии Ҷоми Ҷаҳонии Футбол дар соли 2022 бингаред. Ҳатто агар ҳукумат вирусро дасти кам бигирад, мумкин аст, коргарон бемор шаванду кор карда натавонанд.”

То кунун дар Тоҷикистон коронавируси нав ба бештар аз 800 нафар сироят карда ва 23 нафарро куштааст. Бино ба гузоришҳо, теъдоде аз муҳандисони итолиёӣ, ки моҳи декабр ва қабл аз хуруҷи беморӣ ва бастани роҳҳо аз Тоҷикистон ба Итолиё рафтанд, дар кишварашон дармондаанд. Итолиё яке аз он кишварҳои ҷаҳон аст, ки садҳо ҳазор нафар дар он гирифтори COVID-19 шуда ва даҳҳо ҳазор нафар бар асари бемории нав талаф додааст.

Филлипо Менга гуфт, ҳатто агар муҳандисони итолиёӣ аз ширкати "Салини Импреҷило" имкони бозгашт ба Тоҷикистонро дошта бошанд ҳам, шояд ба сабаби эҳтиёт аз идомаи кор худдорӣ кунанд. Ӯ афзуд: Муҳандисони итолиёӣ, ки имкони бозгашт ба Тоҷикистон надоранд, чанд моҳи дигарро дар Итолиё мегузаронанд. Дар кишваре, ки бӯҳрони сахтеро паси сар мекунад ва маҳдудиятҳои сахти гаштугузор ва фаъолиятҳои иқтисодӣ ҷорӣ кардааст. Агар ин муҳандисон ва коргарони баландихтисос иҷозаи сафар дошта бошанд, (дар воқеъ баъзеашон доранд) шояд худашон ҳоло нахоҳанд ба кишвар баргарданд ва меъёрҳои сахти гаштугузор ва фосилагирии иҷтимоиро риоят кунанд.”

Дар воқеъ, дар худи шаҳри Роғун ҳам ҳукумат маҳдудиятҳои гаштугузор эълон карда ва аз мардум хостааст, бе зарурат берун наоянд. Ба гуфтаи мусоҳибони Радиои Озодӣ ҳатто агар вирус дар Тоҷикистон аз байн биравад, вале паёмадҳои иқтисодии он барои Роғун хатарноканд.

Коҳиши сарчашмаҳои даромад барои маблағгузории "Роғун"

Аломатҳои возеҳ вуҷуд дорад, кам шудани даромадҳо, дасту пойи мақомотро барои сармоягузории нерӯгоҳ бастаанд. Зоҳиран нарасидани маблағ барои идомаи корҳо ҳукуматро маҷбур кард, ки ширкати "Tractebel Engineering S.A."-ро, ки аз мушовирони аслии корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳ аст, рӯзи 5-уми май аз пардохти бисёре аз молиёт озод кунад. Санади ислоҳи буҷаи соли 2020 ва озод кардан аз пардохти молиётро вакилони тоҷик ҳафтаи гузашта тасвиб карданд.

Филлипо Менга мегӯяд, паёмадҳои иқтисодии пандемия барои "Роғун" бисёр ҷиддӣ хоҳанд буд: “Дар дурнамои миёнаву дарозмуддат, пандемия барои иқтисоди ҷаҳонӣ паёмадҳои харобиовар хоҳад дошт ва ҷаҳон дар чанд соли оянда дар ҳоли рукуд хоҳад буд. Ҳоло рӯшан нест, Тоҷикистон чӣ гуна сохтмони тамоми нерӯгоҳро маблағгузорӣ мекунад ва ё қарзҳои гирифтаашро бармегардонад. Назари ман қабл аз бӯҳрон ҳам чунин буд. Бо назардошти вазъи феълӣ ва таъсири пандемия, ҳукумати Тоҷикистон шоҳиди коҳиши пули коргарони тоҷик дар хориҷ мешавад ва эҳтимолан қисме аз пули буҷаро ба арсаи тандурустӣ ва коҳиши паёмадҳои бӯҳрон харҷ мекунад ва аз ин рӯ маблағгузории Роғун боз ҳам сахттар мешавад.”

Худи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар номае ба унвони мудири Сандуқи Байналмилалии Пул барои дархости кумаки молӣ дар ин замони сахт гуфтааст, “бӯҳрони коронавирус сабаби касри 384 миллион долларӣ дар буҷаи Тоҷикистон шудааст.” Дар ин нома, ки Радиои Озодӣ низ онро дид, омадааст, интиқоли пули муҳоҷирони корӣ, ки иқтисоди кишвар сахт пойбанди он аст, аз моҳи март то нимаи апрел 80 миллион доллар кам шудааст. Яъне ду баробар камтар дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2019.

Анатолий Колесниченко, муҳандиси украинӣ, ки дар нерӯгоҳи Роғун ҳам кор кардааст, мегӯяд, на худи COVID-19, балки оқибатҳои иқтисодии пандемияи он барои нерӯгоҳи "Роғун" “дарднок” аст. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Аввал мушкилот барои тамоми арсаи саноат пеш меояд, на танҳо Роғун. Агар ҳукумати Тоҷикистон маҳдудияти гаштгузор эълон кунад, пас ба Роғун ҳам иртибот мегирад. Дувум норасоии маблағ барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун аст."

Давлати Тоҷикистон соли гузашта барои сохтмони нерӯгоҳ 250 миллион доллар харҷ кардааст. Барои идомаи сохтмон ҳукумат соли 2017 бо арзиши 500 миллион доллар авроқи гаронбаҳои давлатӣ фурӯхт.

Анатолий Колесниченко мегӯяд, “барои ба кор андохтани бақияи агрегатҳо кори зиёде бояд анҷом дод ва пули зиёде лозим аст. Тоҷикистон ин қадар маблағ надорад ва аз дигар ҷо ҳам қарз гирифта намешавад.“

Қарз аз "ночорӣ" барои Роғун

Вале дар номаи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба мудири Сандуқи Байналмилалии Пул омадааст, ки ҳукумат мекӯшад, маблағгузории нерӯгоҳ имсол низ бе каму кост идома ёбад. Дар нома омадааст: “Дар соли 2020 зарур аст, ки маблағгузорӣ бо ҷадвали мувофиқашудаи тарҳ идома ёбад. Интизор меравад, ки аз соли 2020-2022 тақрибан 1.1 миллиард долларро ташкил диҳад."

Айни замон ҳукумат гуфтааст, ки барои маблағгузории “Роғун” фақат дар сурати “ночорӣ” қарзҳои боимтиёз хоҳад гирифт ва саъй мекунад, ки маблағгузорӣ бе зиёд шудани қарзи хориҷии кишвар идома ёбад.

Аммо маълум нест, ҳукумат, ки соли гузашта бештар аз 250 миллион доллар барои бунёди нерӯгоҳи Роғун харҷ кардааст, имсол чӣ гуна ин маблағро пайдо мекунад. Аммо муҳим аст, ба гуфтаи Анатолий Колесниченко, анҷоми корҳои аслӣ дар Роғун буд, ки он ҳам такмили нақбҳо ва бардоштани сарбанд. Ба қавли ӯ, ҳоло корҳое, ки ҳатман бояд идома ёбанд ва қатъи онҳо барои нерӯғоҳ хатарнок аст, вуҷуд надоранд: "Корҳое, ки бояд ҳатман давом кунанд, то пеши роҳи ягон садама гирифта шавад, чунин корҳо нест. Агрегатҳо кор мекунанд ва корро идома хоҳанд дод. Ҳатто агар корҳо мутаввақиф шаванд, ягон чизи тарсноке намешавад."

Аммо хатари бузургтар аз ин ба гуфтаи Филлипо Менга эҳтимоли нарасидани сармоя ва иҷро нашудани тааҳудоти молӣ дар назди ширкати "Салини Импреҷило" аст. Ба қавли пажӯҳишгар: “Хатари аслӣ нарасидани маблағ аст, шояд ҳукуматро маҷбур кунад, аз қарордод бо Салини даст кашад ва ҷаримаи бузурге барои лағви қарордод бипардозад."

Агар ин ҳам нашавад, ба гуфтаи мусоҳибони Радиои Озодӣ, мумкин аст, саввумин чархаи нерӯгоҳ, ки бояд соли 2024 ба кор андохта шавад, ба далели пандемияе, ки соли 2019 аз Чин шурӯъ шуд, ба таъхир афтад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (7)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG