Мутахассисону табибон дар Эрон мегӯянд, теъдоди гирифторони коронавируси нав, ки аломатҳои сирояти аъзои ҳозимаашонро доранд, баръакси сироятёфтагони роҳҳои нафас зиёдтар мешавад. Баъди хуруҷи бемории COVID-19 дар Чин, моҳи март Эрон дуввумин кишвари маркази густариши коронавирус шуд ва дар он ҳазорон нафар бо аломатҳои бемории нав бистарӣ шуданд.
Ҳоло табибони эронӣ мегӯянд, теъдоди мубталоёне, ки вирус ба аъзои ҳозимаашон сироят кардааст, назар ба шумораи онҳое, ки аломатҳои сирояти роҳҳои нафасро доранд, зиёдтар шудааст. Дар воқеъ далелҳо аз Чину Амрико ҳам нишон додааст, ки дар он гирифторони беморӣ, ки аломатҳои сирояти меъдаву рӯдаро доранд, аломатҳои маъмулии бемории роҳҳои нафас зуҳур намекунад.
Муҳаммад Ризо Маҳбубфар, мутахассиси вогиршинос дар Ситоди муқобила бо СОVID-19 дар Эрон гуфтааст, “Аломатҳои COVID-19 аввалҳо сулфа, нафастангӣ ва таби баланд буд. Ин аломатҳоро дар ду моҳи аввали хуруҷ мушоҳида кардем, аммо ҳоло аломатҳои аслии СОVID-19 сирояти роҳҳои ҳозима аст.” Ба гуфтаи Маҳбубфар, беморони ҷавону пир аломатҳои яксон доранд, ки он ҳам шикамрав, шикамдард, қай кардан, дилбеҳузурӣ, гум кардани иштиҳо ва эҳсос накардани бӯй аст.
Ба қавли ӯ, ин беморон кам таб мекунанд ва ё умуман таб намекунанд. Муҳаммад Ризо Маҳбубфар гуфтааст, мумкин аст, чунин тағйир дар беморӣ ба омори расмии вазорати беҳдошти Эрон доир ба гирифторони СОVID-19 таъсир гузорад, чун он бемороне, ки аломатҳои сирояти роҳҳои нафасро надоранд ва озмоиш надодаанд, ба ҳисоб гирифта нашудааст. Шаҳри Бобул дар шимоли Эрон яке аз марказҳои аслии хуруҷи COVID-19 дар моҳи март буд.
Исҳоле, ки рӯзона 5 маротиба такрор мешавад
Саид Ҳасан Обидӣ, табиби бемориҳои аъзои ҳозимаи инсон дар Донишгоҳи Улуми Тиббии Бобул таъйид мекунад, ки дар ин шаҳр беморон бо аломатҳои сирояти аъзои ҳозима ҳоло зиёдтар шудаанд ва аз як се ҳиссаи беморонро ташкил медиҳанд. Ба гуфтаи ӯ, онҳое, ки бемор мешаванд, шикамдард ва ё исҳоли сахте доранд, ки рӯзона камаш 5 маротиба такрор мешавад ва то ду ҳафта идома мекунад.
Ба қавли Обидӣ, вазъ нигаронкунанда аст, зеро бемороне, ки шикамдард ва ё мисли он мешаванд, дертар ба табибон барои озмоиш муроҷиат мекунанд. Ба қавли ӯ, таъхир дар муоина ва ташхиси бемории ин афрод, сиҳатии онҳоро дар хатари бузургтар мегузорад ва сабаби густариши босуръати вирус мешавад.
Саид Ризо Фотимӣ, мутахассиси бемориҳои меъдаву рӯда аз Донишгоҳи Шаҳид Биҳиштӣ дар Теҳрон мегӯяд, ҳоло нисфе аз гирифторони COVID-19 аломатҳои сирояти аъзои ҳозимаро доранд. Ба гуфтаи ӯ, аз як се ҳиссаи онҳо аз осеб дидани ҷигар ва сӯзиши меъда ранҷ мекашанд. Бар иловаи ин ҳама, осеб дидани роҳҳои нафаси кӯдакон ва гурдаҳои онон низ ба назар расидааст. Баъзе аз мавридҳои сакта аз ҷумла дар байни кӯдаконро ҳам паёмадҳои коронавирус гуфтаанд. Маҳмуд Ризо Ашрафӣ, профессори Донишгоҳи Улуми Тиббӣ дар Теҳрон мегӯяд: “Норасоии оксиген ва илтиҳоб бар асари COVID-19 сабаби лахт бастани хун дар шоҳрагҳо ва сактаи мағзӣ мешавад.
Аломатҳое, ки возеҳтар мешаванд
Мутахассисон аз ҳамон моҳи декабр аз замони хуруҷи бемории COVID-19 дар вилояти Вуҳани Чин аз сирояти вирус ба аъзои ҳозима огаҳ будаанд. Дар Амрико нахустин гирифтори собитшудаи беморӣ, дилбеҳузурӣ, қай кардан, исҳол ва айни замон аломатҳои сирояти роҳҳои нафасро доштааст. Озмоиши моеъоти бинӣ ва ҳалқ ва ҳамчунин саргини ин бемор вуҷуди вирусро дар ҳамаи он нишон додааст. Ончӣ ки ҳоло аёнтар мешавад, сирояти вирус ба роҳҳои ҳозимаи инсон аст, ки қаблан аз он чандон огаҳии зиёд надоштаанд, зеро чунин беморонро аз COVID-19 ташхис намекарданд.
Таҳқиқоти моҳҳои пеш нишон додааст, ки фақат чаҳор дарсади гирифторони COVID-19 аломатҳои сирояти роҳҳои ҳозимаро доштаанд. Аммо таҳқиқоти баъдӣ собит кардааст, ки ин рақам аз 10 то 60 дар сад мерасад. Мартин Вейси, аз Донишгоҳи Тиббии Ҳулл дар Бритониё гуфтааст, ҳеҷ шубҳае нест, ки вирус на фақат ба шуш, балки рӯдаҳо инсон ҳамла мекунад. Ӯ чанде пеш дар як нишасти байналмилалӣ гуфт: “Молекулаи вирус бо номи ACE2 на фақат дар шушҳо, балки меъдаву рӯдаи инсон ҳаст. Маҳз ҳамин сабаби он аст, ки теъдоди чашмгири беморон исҳол, дилбеҳузурӣ доранд ва қай мекунанд.”
Ҳоло хулосаи мутахассисон ин аст, ки коронавируси нав метавонад, аз тариқи роҳҳои ҳозима ба дигарон сироят кунад ва нигаронӣ ин аст, ки набуди системаҳои муосири обу корез ва беҳдоштӣ метавонад, дар густариши вирус мусоидат намояд. Муаллифони як пажӯҳиш дар маҷаллаи мӯътабари тиббии “Лансет” гуфтаанд, ки мумкин аст COVID-19 мисли бемориҳои исҳоли хунин ва фалаҷи атфол аз саргини олуда ба вирус ҳам сироят кунад. Ончӣ ки маълум нест, ин аст, ки вирус чӣ қадар дар саргин зинда мемонад? Акнун мутахассисони соҳа ба таҳқиқи ҳамин масъала пардохтаанд.