Генерал Саиданвар Камолов, раиси пешини Кумитаи амнияти Тоҷикистон ва муфаттиши ҳодисаҳои февралӣ дар КГБ-и Тоҷикистони Шӯравӣ, даргузашт.
Вай 70-сола буд ва, ба қавли наберааш Беҳрӯз, аз бемории "бронхит" ранҷ мекашид. Беҳрӯз мегӯяд, Саиданвар Камолов рӯзҳои ахир дар шифохонаи "Якум Советский"-и пойтахт муолиҷа мегирифт ва маросими дафнаш 14-уми май баргузор мешавад.
Бархе аз манобеъ гуфтанд, Камолов муддати дароз аз илтиҳоби шуш ё пневмония табобат мешуд. Мақомот сабаби расмии марги ӯро ошкор накарданд.
Моҳи феврали имсол ҳангоми мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ, Саиданвар Камолов аз вазъи сиҳатиаш шикоят дошт ва он замон гуфта буд, ки ду ҳафта зукоми ғайримаъмулиро пушти сар карда, то ҳол ба худ наомадааст.
Саиданвар Камолов соли 1950 дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон зода шуда, факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Дар китоби хотираҳояш менависад, бори аввал соли 1977 дар ҳайати се гурӯҳи тафтишотӣ корро оғоз намуд ва таҳқиқи ду парвандаи ҷиноиро дар бораи қаллобии аз ҳад зиёд анҷом дод.
Баъдан дар охири солҳои ҳаштодум ва аввали солҳои 90 ба ҳайси сардори Раёсати тафтишоти КГБ-и Тоҷикистони Шӯравӣ кор кардааст.
Камолов дар бахше аз хотираҳояш мегӯяд, номзадиаш ба ин мақом соли 1988 бо тавсияи раиси Кумитаи давлатии амнияти Тоҷикистони Шӯравӣ В.В.Петкел пешниҳод шуда буд.
"Барои гузаштани санҷиш ба шаҳри Маскав рафтам. Бо Пономарёв - ҷонишини раиси КБД СССР, генерал-майор Латишев, ки то ба кори кадрӣ гузаштанаш корманди тафтишот будааст, вохӯрдам. Дар давоми суҳбат аз ман пурсид, ки оё рақиб дорӣ дар Кумитаи Тоҷикистон? Аз ин савол ҳайрон шудам. Вай шарҳ дод, ки аз ҳисоби роҳбарияти КБД-и ҷумҳуриятон яке аз ҷонишини раис занг зада, илтимос кард, ки таъиноти шуморо пас гардонем", - нигоштааст ӯ.
Пас аз воқеаҳои февралӣ, ки дар таърихи нави Тоҷикистон бештар бо номи "баҳманмоҳи хунин" машҳур аст, соли 1994 муовини вазири амният ва моҳи августи соли 1995 вазири амният таъин шуд. Соли 1997 корро ба ҳайси раиси Кумитаи ҳифзи сарҳадоти назди ҳукумат оғоз карда, соли 2002 барканор гардид.
Дар замони Шӯравӣ чанд дафъа вакили Шӯрои вакилони Ҳизби коммунисти шаҳри Душанбе низ будааст.
Амирқул Азимов, дабири пешини Шӯрои амнияти Тоҷикистон, рӯзи 14-уми май гуфт, Саиданвар Камолов аз мутахассисони масъулиятшинос буд. "Дар ҳама лаҳзаҳо вазифаро ба дараҷаи баланд ва бо масъулияти комил иҷро мекард", - афзуд ӯ.
Дабири пешини Шӯрои амният гуфт, рӯзҳои ахир бо Саиданвар Камолов суҳбатҳо дошт ва ӯ бештар дар бораи он мегуфтааст, ки "ҳама талош кунанд, то воқеаҳои нохуши солҳои 90 дигар дар Тоҷикистон такрор нашавад".
Саиданвар Камолов солҳои ахир масъулияти як ширкати сохтмониро дар шаҳри Душанбе ба уҳда дошт ва бештари вақтро барои эҷоди мақолаву китобҳо сарф мекард. Ҳамзамон дар бораи масоили амниятӣ пайваста бо расонаҳо суҳбат мекард.
Вазири собиқи амният бори охир моҳи феврали имсол дар бораи асрори "баҳманмоҳи хунин" баъд аз си соли он бо Радиои Озодӣ суҳбат дошт. Генерали мустаъфӣ сабабҳои сар задани воқеаҳоро ин гуна тасвир кард: "Як зумра пешвоёни дин буданд, ки ҳамон шабу рӯзҳо дар масҷидҳо кор мекарданд. Дар давоми тафтишот як қисмати инҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Онҳо дар ҳамон шабу рӯз таблиғ карданд, ки мардум омада дар гирдиҳамоӣ иштирок кунанд. Онҳо аз ҳама роҳҳо истифода бурданд".
Аммо бархе муҳаққиқони дигар бовар доранд, ки ин овозаҳоро худи КГБ-и вақт паҳн карда буд. Ин ақидаро сардори гурӯҳи тафтишотии ҳодисаҳои февралӣ дар Додситонии кулли Тоҷикистон Солеҳҷон Ҷӯраев низ тасдиқ мекунад.
Номи генерали тоҷик Саиданвар Камолов соли 2017 дар авҷи боздошти гуруҳе аз кормандони Оҷонсии зиддифасод, ки писараш Умед Камолов дар онҷо фаъолият дошт, дар сархатти расонаҳо қарор гирифт. Саиданвар Камолов он замон аз кор сабудкӯш шудани писарашро тасдиқ кард, вале боздошти ӯро рад намуд.
"Агар фарзандам каҷрафторӣ карда бошад, бояд посух диҳад, вале ман писари ҳаром тарбия накардаам", - гуфта буд Саиданвар Камолов.
Саиданвар Камолов корманди шоистаи Тоҷикистон (2000), корманди фахрии мақомоти амнияти Тоҷикистон (1989) ва узви фахрии Шӯрои роҳбарияти нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон (1999) буд.
Вай инчунин муаллифи беш аз даҳ қиссаву асари таърихӣ ва ёддоштӣ аст. "Гиреҳ дар гулӯ", "Рӯзҳои ҳамвазни аср" ва "Сангар" аз ҷумлаи онҳост.