Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 6-уми май бо ҳамтои эрониаш Ҳасан Рӯҳонӣ ҳамкориҳои дуҷониба ва сирояти бемории COVID-19 дар ҳарду кишварро баррасӣ кардааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ду раҳбар дар бораи “шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои замони муосир ба амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом дода, дар пасманзари паҳншавии пандемияи коронавирус мавзуи зуҳуроти буҳрониро дар иқтисоди ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.”
Дар баёния омадааст, ки Эмомалӣ Раҳмон “ба мардуми дӯсти Эрон изҳори ҳамдардиву тасаллият ва ба ҳамаи беморон шифои комил орзу кард” ва ба талошҳои қотеона ва саривақтии Эрон дар мубориза бо ин бемории сироятӣ баҳои баланд дод. Ба гуфтаи дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, “бо дарназардошти таҷрибаи ғанӣ дар мубориза бо пандемияи коронавирус” Ҳасан Рӯҳонӣ барои расонидани кӯмак ба Тоҷикистон, аз ҷумла бо таҷҳизот, мутахассисон ва доруворӣ изҳори омодагӣ кард.
Дар Эрон то кунун коронавируси нав ба бештар аз 102 ҳазор нафар сироят карда ва бештар аз 6 ҳазор нафарро куштааст. Амалкарди ҳукумати ин кишвар дар муқобила бо беморӣ дар дохил ва хориҷи он танқид шудааст ва аксарият ба омори эълонкардаи мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ шубҳа доранд. Дар Тоҷикистон то кунун 379 мавриди гирифторӣ ва талафоти 7 нафар гузориш додаанд.
Раҳбарони ду кишвар, ки дар чанд соли гузашта робитаҳои сарде доштаанд, ба қавли дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон “алоқамандии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратии дуҷониба иброз доштанд.” Ду тараф изҳори умедворӣ кардаанд, ки ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву фарҳангӣ дар мӯҳлатҳои муқарраршуда баргузор мегардад. Қарор аст, ин ҷаласа охири имсол сурат бигирад.