Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳматулло Зойиров мегӯяд, "зуком"-еро аз сар гузаронд, ки ҳеч гоҳ надида буд


Раҳматулло Зойиров зимни мусоҳиба бо Радиои Озодӣ дар соли 2019
Раҳматулло Зойиров зимни мусоҳиба бо Радиои Озодӣ дар соли 2019

Раҳматулло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, аз моҳи январ то феврали имсол ба зукоме гирифтор шуд, ки ҳеҷ гоҳ аз сар нагузаронда буд. Ӯ рӯзи 29-уми апрел дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки “намедонист, зуком ба ин ҳад сахт мешавад.”

Ба қавли сиёсатмадори шинохта, ӯ аз 20-уми январ то рӯзи 2-уми феврал бемор буд ва дар ин муддат ҳамсар ва писараш ҳам ба чунин зуком гирифтор шудаанд. Раҳматулло Зойиров навиштааст: “Баъди ин ба таҳқиқи амиқи коронавирус шурӯъ кардам. Бештар аз 400 мақолаву гузоришҳои вирусшиносҳои маъруфи ҷаҳонро омӯхтам ва бо беморону табибон ва донишмандон сӯҳбати мустақим доштам.”

Раҳматулло Зойиров ин баёнияро баъд аз он нашр кард, ки баъди як изҳорот доир ба сирояти вируси нав ба Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳти танқид қарор гирифт. Бисёриҳо ӯро муттаҳам карданд, ки мехоҳад, бо чунин изҳороте имтиёзи сиёсӣ ба даст биёрад.

Ӯ дар ин баёния аз рӯзи 27-уми апрел гуфт, ки бо вуҷуди баёниҳои мақомот доир ба набуди бемории КОВИД-19 дар Тоҷикистон, ин беморӣ ба кишвар сироят кардааст ва манбаи сироят тоҷироне буданд, ки аз Чин баргаштанд, ё зойироне, ки аз Ҳаҷ баргашта бо худ ба Тоҷикистон бемориро аз Ховари Миёна овардаанд. Ӯ гуфт, ки коронавирус кайҳост, ба Тоҷикистон омадааст ва кишвар марҳалаи саввуми сироят паси сар мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар кишвар то кунун сирояти бемории КОВИД-19 сабт нашудааст, вале шубҳаву гумон дар бораи гуфтаи мақомот зиёд аст, чун дар чаҳор кишвари ҳамсоя, Чину Афғонистону Узбекистон ва Қирғизистон беморӣ ба ҳазорон нафар сироят кардааст. Гузоришҳои пайваста дар бораи маргу мир аз бемории илтиҳоб шуш низ ба шубҳаву гумонҳо доман задааст.

XS
SM
MD
LG