Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори Радиои Озодӣ ба дохили озмоишгоҳи COVID-19 дар Кӯлоб роҳ ёфт. ВИДЕО


Дар шаҳри Кӯлоб, ки то ҳафтаи гузашта имкони ташхиси коронавируси навро надошт, ҳоло чаҳор нафар рӯзона то 12 соат машғули озмоиши луобу моеъоти бемороне, ҳастанд, ки аломатҳои бемории СОVID-19-ро доранд. То ҳафтаи гузашта намунаҳоро аз ин минтақа ба Душанбе мефиристоданд, ки маълум кунанд, оё дар воқеъ бемор ба COVID-19 мубтало шудааст, ё не.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Кӯлоб ягона хабарнигоре шуд, ки тавонист ба як озмоишгоҳи сайёри хурд, ки ҳадяи Русия аст, ворид шавад. Ӯ мегӯяд: “Барои ворид шудан ба ташхисгоҳи вирусалогӣ бояд тамоми қоидаҳову меъёрҳоро риоят кард, аз пӯшидани либос то ҳаракат дар дохили озмоишгоҳи тангу хурд, то ки аз вирус эмин бимонед.” Ҳеҷ касе ба ғайр аз чаҳор вирусшинос ҳаққи ворид шудан ба озмоишгоҳро надоранд. Чаҳор табиби Маркази назорати давлатии санитарию эпидимологии минтақаи Кӯлоб пеш аз кор дар инҷо, шеваи маълум кардани коронавирусро дар Душанбе омӯхтаанд.

Дар Кӯлоб ташхисгоҳи бемории СОVID-19 ба кор шуруъ кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:00 0:00

Амриддини Сироҷиддин, мудири озмоишгоҳи вирусологии Маркази назорати давлатии санитарию эпидимологии минтақаи Кӯлоб рӯзи 1-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ташхиси каронавирусро дар инҷо бо усули “ТСЕР” анҷом медиҳанд. Ӯ афзуд, аз касоне, ки ба беморхонаҳо, ё ба бунгоҳҳои тиббӣ, бо ҳарорати баланд ва нишонаҳои монанд ба СOVID-19 муроҷиат мекунанд, моеъоти даҳон, ё бинӣ гирифта, барои озмоиш ба онҳо месупоранд. Усули мазкур имкон медодааст, ки мавҷудияти вирус, ё набудани он дар панҷ ё шаш соат маълум шавад.

Амриддини Сироҷиддин гуфт: “Мо посухи ташхисҳоро, ки бо роҳхатҳо аз бунгоҳҳои тиббӣ ва бемористонҳо ворид мешавад, баъди муайян кардан, ба онҳо равон мекунем ва онҳо ҷавобҳои ташхисро ба соҳибонашон бозмегардонанд.”

Амриддини Сироҷиддин, мегӯяд, ки чаҳор рӯз аст, ба хонааш нарафтааст ва дар озмоишгоҳи танг “бо ҷону дил кор мекунад, то ҳамватанонаш аз бемории хатарнок эмин бошанд”. Давлатёр Наҷмиддинов, ёрдамчии вирусолог ба назди азизонаш нарафтааст ва мегӯяд, зану фарзандро чанд рӯз боз надидааст, вале барояш “саломатии онҳо ва миллат зарур аст.”

Дар муддати чаҳор рӯзи гузашта, дар ин озмоишгоҳи хурд, панҷсад ташхис анҷом додаанд, вале нагуфтанд, ки чӣ қадараш мусбат буд, ё манфӣ. Вазорати тандурустии Тоҷикистон, гуфт, то рӯзи 1-уми июн дар кишвар бештар аз 4000 мавриди сирояти бемории СОVID-19-ро сабт кардааст. Вале мақомот то ҳол нагуфтаанд, ки дар кадом вилоят ва ё минтақа чанд нафар ба ин беморӣ гирифтор шудаанд. Ҳоло ҳам маълум нест, дар минтақаи Кӯлоб чанд кас ин бемориро доранд, аз ин беморӣ фавтидаанд, ё шифо ёфтаанд.

Бисёриҳо ба омори расмии мақомот бовар надоранд ва мегӯянд, СОVID-19 дар кишвар васеъ доман паҳн кардааст ва теъдоди фавтидагон ҳам ба садҳо нафар мерасад. Сафарбар кардани озмоишгоҳи сайёр барои ташхиси СОVID-19 ба Тоҷикистон яке аз тавсияҳои Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба ҳукумат буд. Ҳайати ин созмон, ки аввали моҳи май ба Душанбе омад ва гуфт, суръати густариши коронавируси нав нигаронкунанда аст, ба ҳукумат тавсия дод, барои маълум кардани беморӣ ва роҳ надодан ба доман задани он дар минтақаҳо низ озмоишгоҳ боз кунад.

Мақомоти расмии вилояти Суғд ҳам рӯзи 1-уми июн хабар доданд, ки дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ҳам ташхисгоҳи нави вирусологӣ ба фаъолият оғоз кардааст. Мутахассисон имкон доштаанд, дар ташхисгоҳ дар як шабонарӯз аз 150 то 200 таҳлил анҷом диҳанд.

Шарҳҳоро бинед (8)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG