Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат гуфт, 470 кас аз COVID-19 шифо ёфтаанд, аммо ҷузъиёт надод


Вазорати тандурустии Тоҷикистон расман эълон кард, ки 470 нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфтаанд, вале шарҳ надод, ки ин афрод кай муолиҷа гирифтанд. То ин дам вазорат дар бораи сиҳҳат шудани беморони COVID-19 гузориш намедод.

Айни замон дар нақшаи интерактив ё зиндаи омори беморон ва ҷонбохтагон аз коонавируси нав, ки бар асоси омори Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ва Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс омода шудааст, шумори шифоёфтагон дар Тоҷикистон 641 нафар ишора шудааст. Маълум нест, кадоме аз ин омор дуруст аст. Мақомот низ пурра шарҳ намедиҳанд.

Аз сомонаи вижа дар бораи COVID-19 дар Тоҷикистон
Аз сомонаи вижа дар бораи COVID-19 дар Тоҷикистон

Дар рӯзҳои гузашта чандин нафар аз сиҳҳат шудани худ аз бемории ҳамагир дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода буданд, вале дар омори расмӣ дар ин бора чизе гуфта намешуд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, якбора пайдо шудани рақами бузурги шифоёфтагон омори расмиро зери шубҳа мегузорад.

Дар нақшаи зинда
Дар нақшаи зинда

Мақомоти тоҷик хабар доданд, ки дар шабонарӯзи гузашта дар кишвар боз 204 ҳолати нави гирифторӣ ба бемори COVID-19-ро сабт карданд. Ба ин тартиб шумори умумии сироятёфтагон ба коронавируси нав дар Тоҷикистон акнун ба 2140 нафар расид.

Мақомот мегӯянд, дар ду рӯзи ахир ягон нафар аз бемории COVID-19 вафот накардааст ва шумори умумии фавтидагон 41 нафар мебошад. Ҳарчанд бархеҳо ба оморҳои расмӣ шубҳа доранд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам чандин нафар аз вафоти наздиконашон аз ин беморӣ хабар доданд.

Бар асоси феҳрасти ғайрирасмӣ дар Интернет шумори ҷонбохтагон аз коронавирус ва "илтиҳоби шуш" беш аз 270 кас ҳисоб шудааст. Ин феҳрастро бар асоси хабари расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва иттилои наздикони фавтидагон таҳия мекунанд. Аммо мақомот гуфтаанд, маълумоти дар руйхат буда, саҳеҳ нест.

Мақомоти Вазорати тандурустӣ гуфтанд, феълан 3532 нафар дар шифохонаҳои кишвар зери назорати пизишкон ҳастанд ва дар як рӯзи гузашта 595 нафар "пас аз шифо ёфтан", ба хонаҳояшон ҷавоб доданд. Ин ниҳод аз оғози эътирофи мавҷудияти коронавирус дар кишвар чунин оморро пахш мекунад, аммо то ҳол Вазорат посух надодааст, ки ин афрод бо нишонаҳои кадом беморӣ бистарӣ буданд ва сиҳат ёфтанд.

XS
SM
MD
LG