Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, баъди пирӯзӣ дар бозии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2018 бар тими «Олой»-и Ӯш, қаҳрамони Қирғизистон, бо ҳисоби 3:2 гуфт, ки мо ғалабаи душвор ба даст овардем.
Сармураббӣ афзуд, “ибтидои бозӣ барои мо хеле хуб, ҳатто бобарор гардид. Дар дақиқаҳои аввали дидор мо гол задем ва ба пеш баромадем. Баъдан боз як лаҳзае буд, ки ҳисобро афзун мекардем, вале онро аз даст додем. Дар мобайни нимаи аввал гол хӯрдем. Ман намедонем чӣ шуд, ки дар нимаи дувум дар бозии дастаи мо ҳамоҳангӣ ба назар намерасид. Амалан кореро ба ҷо овардан мушкил шуд. “Олой” инро ҳис намуда, ба аксуламал гузашт ва тавонист ҳисобро баробар намояд. Хуб аст, ки бачаҳои мо то охир бозӣ карданд ва дар дақиқаи охирини дидор мо тавонистем ба ғалабаи душвор даст ёбем.”
Ёдовар мешавем, ин бозии даври чоруми гурӯҳи “D” рӯзи чоршанбеи 25-уми апрел дар варзишгоҳи ба номи Аҳматбек Суюмбоеви шаҳри Ӯш бо ҳузури 3800 тамошогар баргузор шуд.
Ҳисобро Фатҳулло Фатҳуллоев, нимҳимоятгари “Истиқлол”, дар дақиқаи 7-уми дидор аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ боз кард. Улуғбек Рисқулов, ҳамлагари “Олой”, дар дақиқаи 38-ум ҳисобро баробар намуд. Голи дувуми “Истиқлол”-ро ҳимоятгар Ромиш Ҷалилов дар дақиқаи 45-ум зад. Нимҳимоятгари мизбонон Алиа Силла дар дақиқаи 76-уми бозӣ аз пеналтӣ ҳисобро баробар кард - 2:2. Голи севум ва ҳалкунандаи “Истиқлол”-ро ҳамлагар Дилшод Восиев дар замони ҷуброншуда (дақиқаи 90+2) ба самар расонд.
Дар бозии дигари гурӯҳи “D” рӯзи 25-уми апрел ду бошгоҳи Туркманистон - “Алтин Асир” ва “Аҳал” – бо ҳам рақобат карданд. Бозӣ бо пирӯзии “Алтин Асир” бо ҳисоби 1:0 ба поён расид. Голи ягонаро Сардор Гелдиев дар дақиқаи 45+2 зад.
Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии чаҳор дааври мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи “D” дастаи “Истиқлол” бо 10 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад. “Алтин Асир” бо 8 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. “Аҳал” бо 4 имтиёз дар ҷойи севум аст. “Олой” бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – ҷойгир шудааст.
То анҷоми мусобиқаи гурӯҳи “D” ду даври дигар мондааст. “Истиқлол” дар даври панҷум рӯзи 1-уми май дар меҳмонӣ бо “Аҳал” рақобат мекунад. Ғолиби гурӯҳ 16-уми май дар бозии даври охирин миёни дастаи мизбон - “Истиқлол” ва тими “Алтин Асир” маълум хоҳад шуд.
Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 дар минтақаи Марказӣ 16-уми май ба поён мерасад. Ба даври баъдии мусобиқа танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ меёбад. Пас аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоии байниминтақавӣ баргузор мешаванд. Бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2018 рӯзи 27-уми октябри имсол барпо мегардад.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “D”
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Истиқлол» (Тоҷикистон) |
4 |
3 |
1 |
0 |
7-4 |
10 |
2 |
«Алтин Асир» (Туркманистон) |
4 |
2 |
2 |
0 |
9-5 |
8 |
3 |
«Аҳал» (Туркманистон) |
4 |
1 |
1 |
2 |
5-2 |
4 |
4 |
«Олой» (Қирғизистон) |
4 |
0 |
0 |
4 |
5-15 |
0 |
Бозиҳои боқимонда:
Даври 5-ум
1 май (сешанбе)
«Аҳал» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
2 май (чоршанбе)
«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон)
Даври 6-ум
16 май (чоршанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)
«Олой» (Қирғизистон) – «Аҳал» (Туркманистон)