Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ки аз ҳисоби бозигарони то 19-сола таркиб ёфтааст, дар доираи омодагии даста ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё-2018 рӯзи 11-уми апрел дар шаҳри Шарҷа бозии дӯстонаро бо ҳамсолони худ аз Имороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 1:1 анҷом дод. Голи мунтахаби Тоҷикистонро Шаҳром Самиев ба ҳадаф расонд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии дувуми дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Имороти Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон рӯзи шанбе, 14-уми апрел, баргузор мешавад.
Мубин Эргашев, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ба ҷамъомади таълимиву тамринии даста, ки дар Шарҷа то рӯзи 15-уми апрел идома меёбад, 23 бозигарро даъват кардааст.
Бояд гуфт, ки бозиҳои марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби то 19-сола аз 18-уми октябр то 4-уми ноябр дар шаҳрҳои Ҷакарта, Бекаси, Сикаранг, Сибинонг ва Бандунги Индонезия баргузор мешаванд. Рақибони мунтахаби Тоҷикистон дар сабқати гурӯҳӣ ибтидои моҳи май, замоне ки қуръакашии марҳилаи ниҳоии мусобиқа барпо мегардад, маълум хоҳанд шуд.
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Шарҷаи Имороти Муттаҳидаи Араб:
Дарвозабонҳо: Ҳомидҷон Исоқов, Далер Азизов, Шоҳрух Қирғизбоев (ҳарсе – «Барқчӣ»);
Ҳимоятгарон: Султоншо Мирзоев, Ҳусейн Нурматов, Ваҳдат Ханонов, Манучеҳр Сафаров, Ҳувайдои Гулмурод, Оятулло Сафаров, Зиёвуддин Фузайлов (ҳама – «Барқчӣ»), Алишер Баротов («Хатлон»);
Нимҳимоятгарон: Сорбон Авғонов («Панҷшер»), Кароматулло Саидов («Хатлон»), Саидмухтор Азимов, Шервонӣ Мабатшоев, Тоҳир Малодӯстов, Далер Ёдгоров, Абдулмуъмин Забиров, Маҳмадзарифи Абдураҳим (ҳама – «Барқчӣ»), Шарафҷон Солеҳов (ССКА «Помир»);
Ҳамлагарон: Нуриддин Ҳамроқулов, Шаҳром Самиев, Атҳамҷон Абдуллоев (ҳарсе – «Барқчӣ»).
Сармураббӣ – Мубин Эргашев.